22:04:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тоҷикистон – истгоҳе дар Долони Бузурги Чин

Тоҷикистон охирин кишваре шуд, ки дар моҳи январи соли 2015 ба Бонки Осиёии сармоягузориҳои зербиноӣ - бонки Чин барои бунёди Камарбанди иқтисодии Роҳи Нави Абрешим пайваст.

rohi-abreshim 65894545Сокинони Тоҷикистон вақте дар роҳи Кулма ё Анзоб мошинҳои азими боркаши чиноиро мебинанд, мегӯянд, Чин ин роҳҳоро асосан барои худаш сохтааст. Вале ҳоло дигар Чине бо ин роҳҳои хурд қаноат намекунад, балки мехоҳад, як шоҳроҳ ё долони бузургеро миёни худ ва Аврупо бунёд намояд.

Ин роҳ аз шаҳри шарқии Сиан сар шуда, то Урумчӣ Чинро миёнбур мекунад ва баъдан аз Алматову Бишкек, ба воситаи Самарқанд ба Душанбе, аз он ҷо ба Теҳрону Истамбул ва Роттердам мерасад. Як навъ такрори Роҳи Абрешими аҳди бостон.

Аммо қарор аст, ин роҳ аз Маскав низ гузарад ва дар Вена, оғозгоҳи саёҳати Марко Поло, бо масири обии Роҳи Нави Абрешими Чин бапайвандад. Ҳарду роҳ дар якҷоягӣ Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешимро ташкил хоҳанд дод, ки Осиёву Уқёнусияро бо Ховари Миёна, Африқо ва Аврупо васл хоҳад кард. Пекин барои амалӣ гаштани ин тарҳ омодааст, 40 миллиард доллар сарф кунад.

“НУРИ УМЕД” БАРОИ КӢ?

Таҳлилгари умури сиёсии Авруосиё Кейсӣ Мишел мегӯяд, бо тарҳи нави худ Пекин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ “нури умед” мебахшад. Дар як мусоҳибаи хаттӣ бо Радиои Озодӣ ин коришнос гуфт: "Тарҳи Чин беҳтарин гузинае барои кишварҳои минтақа аст ва сохторҳои зербиноии онҳоро рушд дода, ҷойҳои нави кор ба миён меорад."

Аммо сафири пешини Қазоқистон дар Чин, Мурод Авезов, мегӯяд, ҳадафи Чин “азхудкунии сарзаминҳои нав” аст. “Набояд нодида гирифт, ки Чин қаламрави зиёди муносиби зист надорад ва аммо аҳолии он дар ҳоли афзоиш аст. Сохтмони зерсохторҳои Роҳи Нави Абрешим ба маънои сохтмони истгоҳу шаҳракҳо дар масири он ва рушди хадамот аст. Ин барнома шумораи чиноиҳоро дар кишварҳои ом ба андозае зиёд хоҳад кард, ки тарзи зиндагӣ, фарҳанг, забонҳо ва дини мо зери хатар хоҳанд монд. Мо ба он маҳкум хоҳем шуд, ки ҳамсояи бузург моро фурӯ хоҳад бурд.”

Коршиноси дигар, Дейвид Госсет аз Мактаби байнулмилалии соҳибкории Чин ва Аврупо тарҳаи Пекинро ба “Плани Маршалл” барои бозсозии баъдиҷангии Аврупо монанд мекунад, вале меафзояд, "ҳамсоягони Чин маҷбур хоҳанд буд, худро дар низоме, ки Пекин ба вуҷуд меорад, ҷойгир намоянд.”

Дар ҳоли ҳозир "низом"-и ҳамкориҳое, ки Чин муқаррар кардааст, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ осебе наовардааст, вале ба ақидаи коршиноси мустақили тоҷик Ҳокимшоҳи Муҳаббат, "доимо яксон намонад, даври гардон ва рӯзе мумкин аст, кишварҳои қарзгиранда, аз ҷумла Тоҷикистон натавонанд, қарзҳои Чинро баргардонанд. Он гоҳ низоми феълӣ бар зарари онҳо хоҳад буд."

Нақши монополӣ пайдо кардани Чин дар иқтисоди минтақа, ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, метавонад, имкониятҳои кишварҳои масири Долони Бузургро маҳдуд намояд. Барои ҳар кишвар ҳолати амнтар ин хоҳад буд, ки як навъ баробариро миёни коршарикони ҷаҳонии худ пайдо кунад. Ҷаноби Авезов мегӯяд, барои намуна, Осиёи Марказӣ метавонад, ҳамкориҳояшро бо Ҳинд ва Эрон низ густариш диҳад. Вале Кейсӣ Мишел бовар дорад, ки Чин танҳо ду ҳадаф дорад -- амният ва тиҷорат. Ва барои ин аз субот дар кишварҳои ҳамсояш ҳимоят хоҳад кард.

“УСУЛ БА ДАСТИ НАҚОРАЧӢ

Барномаи “роҳкушоӣ”-и бузурги Чин ҳамзамон бо ду тарҳи стратегии ду абарқудрати дигари ҷаҳон расонаӣ шуд. Каме пештар аз он Иёлоти Муттаҳида Ташаббуси “Роҳи Нави Абрешим”-ро ба миён гузошта буд, ки низ талоши боз кардани роҳҳои Осиёи Марказии муҳосирашуда бо хушкиро дар назар дорад ва Русия дар пайи бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёст, ки бояд кишварҳои пасошӯравии ин минтақа ва ҳам давлатҳои дигарро ба мадори худ кашад.

Аммо Русия гирифтори низои Украина ва бӯҳрони иқтисодии худ аст ва Амрико пойбанди нооромиҳо дар Ховари Миёна. Танҳо Чин аст, ки қадам ба қадам, суботкорона дар татбиқи барномаи худ пеш меравад ва барои ин сармояи зарурӣҳам дорад.

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Чин аллакай заминаҳои бунёди долони бузурги худро ба сӯи Аврупо гузоштааст. Он бо Қазоқистон ба маблағи 30 ва бо Ӯзбакистон 15 миллиард доллар қарордод баста, ба Туркманистон 8, Тоҷикистон 1,2 ва Қирғизистон 1 миллиард доллар қарз додааст. Дар сафари ахири раҳбари Чин ба Душанбе, Пекин ваъда дод, ки дар се соли оянда ба ин кишвар 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Барои татбиқи тарҳи Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим Чин бо 100 миллиард доллари ибтидоӣ Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зербиноиро таъсис дод. Дар моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон 26-умин узви он шуд. Давлатҳои дигари Осиёи Марказӣҳанӯз моҳи октябри соли 2014 ба ин бонк ва ҳам Бунёди Роҳи Абрешим шарик шудаанд. Ҳамроҳ шудани Ҳинд, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Индонезӣ ба ин бонк онро ба як ниҳоди тавонои байнулмилалӣ табдил медиҳад.

Ҷанбаи дигари шоҳроҳи нави Чинро раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназарзода дар он мебинад, ки назорати роҳҳои обии ҷаҳон дар дасти Иёлоти Муттаҳида аст ва роҳҳои заминӣ барои Чин дар ҳолати ногаҳонӣ метавонанд, алтернативаи муҳим шаванд. Зимнан, ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣҳоло 90 дарсади молу коло бо роҳҳои обӣ интиқол дода мешаванд.

Ҳамзамон, ба ақидаи коршиноси қазоқ Кубан Абдимен, бояд дид, ки Чин ба монеаи асосии нуфузаш дар Осиёи Марказӣ, яъне Русия, ки ин минтақаро "ҳавлии дарун"-и худ медонад, чӣ гуна расидагӣ хоҳад кард. Монеаи дигари шоҳроҳи Чинро "нооромии эҳтимолии дохилӣ"-и минтақа ташкил хоҳад дод. "Ӯзбакистон ва Қазоқистон бо интиқоли қудрат рӯбарӯянд ва Тоҷикистону Қирғизистон бо бозгашти сели муҳоҷирон аз Русия."

“БУЗКАШӢ”-И ГЕОПОЛИТИКӢ

Коршиносони дигар низ ба аҳамияти геополитикии тарҳи Чин диққат додаанд. Александрос Петерсон, ҳамраиси торнамои Сhinaincentralasia.com мегӯяд, ин тарҳ на танҳо ҷои Русия, балки мавқеи Иёлоти Муттаҳидаро дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз коҳиш медиҳад. Аммо Ниша Бисвал, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рӯзи 22-юми январ дар Вашингтон гуфт: “Чин ончиро ки Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим меномад, рушд доданист. Баъзеҳо ташаббуси амрикоии Роҳи Нави Абрешимро як навъ сабқате бо талошҳои Чин тасвир мекунанд, вале дар амал мо аз кори созандаи Чин истиқбол мекунем ва онро як иловаи бузурги мумкин ба талошҳои худ медонем.”

Аммо ӯҳарчанд аз “равобити амиқи таърихӣ ва иқтисодии Русия бо Осиёи Марказӣ” ном бурд, гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд худашон дар бораи ҳамоиши ояндаи хеш бо иқтисоди ҷаҳонӣ тасмимгирӣ кунанд ва узвияти онҳо дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба ҳамкориҳои дигарашон халал нарасонад.

Сафири пешини Қазоқистон дар Чин, Мурод Авезов бар ин аст, ки Чин дар ҳамҳамаи истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ аз худхоҳии онҳо суистифода кард ва аз равобити умумӣ ба созишҳои дуҷониба гузашт. “Биноан, то замоне ки ин минтақа ба як субъекти худкифо ва мустақили геополитикӣ табдил наёбад, ё аз тарафи Чин фурӯ бруда хоҳад шуд ва ё дар “бузкашии абарқудратон” нақши бузи бесарро иҷро хоҳад кард.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi