16:54:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Афтухези сомонӣ ҳамчун ойинаи иқтисоди Тоҷикистон

Як масъули Бонки миллии Тоҷикистон душвор шудани вазъро аз эҳтимол дур намедонад, аммо мегӯяд, ки ҳукумат ба пешомадҳои душвор омодагӣ гирифтааст.

dollar-somon_856914554.jpgБа ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пас аз каме коҳиш қурби сомонӣ дар баробари доллар боло рафт ва рӯзи 12-уми январ дар нуқтаи 5.3307 сомонӣ барои як доллар қарор гирифт, ҳарчанд дар табодулаи нақдӣ як доллар ба 5,6230 сомонӣ баробар аст. Табодулаи нақдӣҳамагӣ 4 дарсади ҳамаи тиҷорати асъорро ташкил медиҳад, вале намоёнтарин шохиси вазъи сомонист.

Уфт ва хези андаки сомонӣ як навъ такрори қурби рубл буд, ки пас аз афтодан дар савдои рӯзи 8 январ дар муқобили доллар ва евро каме «ҷон гирифт». Ба ақидаи коршиносони «Новая газета», мудохилаи Бонки Марказии Русия ба як беҳбуди нисбии рубл сабаб шуд, вале гумон аст, ин абзор дар пасманзари бӯҳрони молӣ ва афтодани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ барои дарозмуддат натиҷа диҳад. Таҳлилгарони Goldman Sachs Group Inc. ва Вloomberg пешбинӣ мекунанд, ки нархи нафт боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт ва дар нимаи аввали соли 2015 дар атрофи 40 доллар барои як бушка хоҳад монд.

Хамурости қурби рублро дар Тоҷикистон сомонӣ такрор кард. Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи 8-уми январ як доллар дар саррофиҳои Душанбе 5,6230 сомонӣ буд. Ба ақидаи коршиносони хабаргузории CA-News “5.6” як “нуқтаи психологӣ”-и сомонӣ буд, ки сипарӣ шуд ва пешгӯиҳо ин аст, ки ба зудӣ нуқтаи равонии дигари “5.7” низ паси сар хоҳад гашт.

Аммо раиси Департаменти танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон Низомиддин Мавлонов мегӯяд, камузиёдшавии қурби сомонӣ дар ҳафтаи аввали январ бештар ба равандҳои мавсимӣ бастагӣ дошта, наметавонад баёнгари вазъ бошад: “Ин омил ҳар сол ҳаст ва имсол ҳам ҷой дорад ва ба воридоту содироти маблағҳои асъорӣ ба ва аз Тоҷикистон рабт дорад.”

Ҳамзамон, ҷаноби Мавлонов таъсири вазъи рубли русиро низ омили муҳим шуморид ва гуфт, Русия аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Вале ӯ бовар дорад, қурби сомонӣ дарҳоли ҳозир устувор ва ҳама гуна тағйир дар он аз нигоҳи молиявӣ “мӯътадил” ба шумор меравад.

Қурби сомонӣ дар баробари доллар, бино бар ҷамъбандии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 11 дарсадро ташкил додааст. Аз ҷумла барои як доллар дар моҳи марти соли гузашта ҳамагӣ 4,9600 сомонӣ дода мешуд, ҳоло 5.3307 сомонӣ. Ба гуфтаи Низомиддин Мавлонов, соли гузашта барои сомонӣ соли сахте буд, вале Бонки миллии Тоҷикистон тавонист аз уфти назарраси сомонӣ пешгирӣ кунад.

Вай мегӯяд: “Дар шароити вазнини соли гузашта, вақте ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар аз ҳаҷми содирот ба маротиб бештар буд ва умуман соли кам шудани воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, он 11 дарсад коҳиши қурб қобили қабул аст, зеро нисбат ба дигар асъори минтақа, ҳамсояҳои мо ва шарикони тиҷоратии мо ин шохис хеле камтар аст. Ва коҳишу афзоиши қурб ба ҳама асъори ҷаҳон хос аст.”

Блогнависи тоҷик Абдуманнон Шералиев охири соли гузашта пешгӯӣ карда буд, 1 доллар дар аввалҳои баҳори соли 2015 ба 7 ва дар тирамоҳ ба 10 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Вай менависад: “Бӯҳроне, ки дар Русия оғоз шудааст, зарбае сахттар аз худи Русияро ба Тоҷикистон хоҳад зад. Зеро иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия ва сомонӣ ба рубл сахт пайванд аст. Ва иқтисоди русҳо қудрати муқовимат ба бӯҳронро дораду мо тахминан иқтисод ҳам надорем.”

Ҷаноби Шералиев ба коҳиши шадиди пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳам бар пояи камшавии қурби рубл ва ҳам бекории муҳоҷирону коҳиши шумораи онҳо бар асари сиёсати “патенту шиносномаҳои хориҷӣ”, кам шудани воридот ва боло рафтани таваррум, муфлисшавии тоҷирон ва паст рафтани даромад аз пардохтҳои гумрукӣ ишора мекунад ва мегӯяд, “фоҷиаи рубл иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳам хоҳад шикаст.”

Раиси Департаменти танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон Низомиддин Мавлонов душвор шудани вазъро аз эҳтимол дур намедонад, вале мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба пешомадҳои душвор омодагӣ гирифтааст.

Вай мегӯяд: “Тамоми имкониятҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон доранд, истифода мешаванд. Пеш аз ҳама мо дар моҳи декабр меъёри бозтамвилро баланд кардем, яъне меъёри қарзҳоеро, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дода метавонад. Дар баробари ин мо меъёри захираҳои ҳатмии пасандозҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣҷалбшудаеро, ки бояд онҳо дар Бонки миллӣ гузоранд, тағйир додем. Яъне по пули миллӣ онро паст кардем, то ки ташкилотҳои қарзӣ бештар ҳавасманди ҷалби пасандозҳо бо пули миллӣ шаванд ва худи аҳолӣ низ бештар бо пули миллӣ пасандоз кунад.”

Ҷаноби Мавлонов меафзояд, Бонки миллӣҳамчунин дар бозори амалиёти озод фурӯши қоғазҳои қиматнокро ба роҳмонд, ки дар моҳи декабр натиҷаи мусбати худро нишон дод.

Зоҳиран, инҳо низ такрори чораҳое ҳастанд, ки Бонки марказии Русия барои ҳифзи қурби рубл ба роҳ мондааст ва таъсири онҳо дарозмуддат буда наметавонад. Русия ҳоло дар пайи гуногунсозии иқтисодаш ва афзоиши тавлид аст. Рӯшан нест, ин барнома то куҷо дар Тоҷикистон такроршаванда аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi