20:50:21 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Созидание" таҳқиқи дубора хост, Кумитаи андоз – зид

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси додгоҳӣ миёни Кумитаи андози кишвар ва ширкати "Созидание"-ро то фардо ба таъхир гузошт.

hayat-regency-56589Хабарнигори мо, ки дар мурофиаи рӯзи душанбеи 11 август дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкат дошт, мегӯяд, "имрӯз додгоҳ тарафҳои баҳсро шунид, аммо ба сабаби зиёд будани масоили матруҳа баррасии онро ба фардо сешанбеи 12 август гузошт."

Ба гуфтаи хабарнигори мо, Игор Серебреков, намояндаи ширкати "Созидание"  зимни мурофиа аз додгоҳ хост, то нисбати фаъолияти ин ширкат ташхиси мустақили бухгалтерӣ - муҳосибавӣ гузаронида шавад."

Зеро ҷаноби Серебреков иддаъо дорад, ки "арқоме, ки кумитаи андоз дар робита ба фаъолияти ширкати "Созидание" пешниҳод дорад, саҳеҳ ва дуруст ироа нашуадаанд."

Аммо Мелс Меликов, намояндаи ҳуқуқии Кумитаи андози Тоҷикистон ташхиси дубораро дар нисбати ширкати "Созидание" -ро зарур намедонад ва аз Додгоҳи олии иқтисодӣ хост, то дархости ширкат ба ташхиси дубораи бухгалтерӣқонеъ карда нашавад."

Ин буд, ки додгоҳ пас аз ин баҳсу баррасиҳои тарафҳо мурофиаро ба фардо, сешанбеи 12 август таъин кард.

Игор Серебриков, ҳуқуқшиноси ширкати "Созидание", ки аз Русия маҳз барои ин баҳси додгоҳӣ омадааст, гуфт,  меҳмонхонаи "Hayyat Regency" бо мувофиқаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия бунёд шудааст ва ҳатто аз ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он ёдовар шуд. Вай гуфт, ки чунин муносибати ба гуфтаи ӯ "ғайридӯстона"-и Кумитаи андози Тоҷикистон метавонад ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад ва боиси гурези сармоягузорон аз ин кишвар шавад. Вай дар ин росто ба ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба Русия ишора кард, ки дар пайи баҳси Кумитаи андоз бо ширкати Созидание шудааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкати «Созидание» тақозо дорад, ки 322 миллион сомонӣқарзи ҷамъшудаи андозашро ба будҷаи давлат супорад.

«Созидание» як ширкати наздик ба Олег Дерипаска, миллиардери ба Кремл хеле наздик дониста мешавад. Ин ширкат ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷории дараҷаи «А» низ дорад ва дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - IFC ва Бонки ҷаҳонӣ мустақар шудаанд.

Мушкилоти ширкати «Созидание» бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон замоне сар зад, ки ширкати дигари Олег Дерипаска - «РусАл» дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм «Талко» - «СDH Investment” - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзуҷарима муваззаф кард.

Бархе аз коршиносон такя ба ин пирӯзии «РусАл» ба коршарики «Талко» ҳадс мезананд, пайдо шудани мушкил дар пешбурди бизнеси Олег Дерипаска дар Тоҷикистон ба кашмакашҳои додгоҳии ширкати «Русал»-и ӯ бо корхонаи тавлиди алюминюми Тоҷикистон «Талко» бастагӣ дорад.

Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар ширкати «Созидание» беш аз 177 миллион сомонӣ андози пардохтношуда кашф карда буд. Бино ба навиштаи Кумитаи андоз, молики аввалии “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр буд, ки 100 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошт. Аммо 11 августи соли 2008 ин ширкат саҳмияҳояшро ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро ҳисоб ва пардохт накардааст.

Бо назардошти ҷаримаҳо Кумитаи андоз ширкати «Созидание»-ро ба беш аз 322 миллион сомонӣ ва ё 65 миллион доллар андозҳои пардохтношуда муваззаф кард.

Ширкати «Созидание» ба навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурда, аз додгоҳ хост, ки ин амри Кумитаи андозро бекор кунад.Аммо бино бар изҳороте, ки сомонаи Кумитаи андоз тоза рӯзи 4 июл нашр кард, додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳанӯз рӯзи 29 май шикояти ширкати «Созидание»-ро беасос хонда, баҳсро боз ҳам ба фоидаи кумитаи андоз ҳал кардааст.

Тавре Кумитаи андоз шарҳ додааст, дар ин мурофиаи додгоҳӣҳатто намояндагони сафоратҳои Амрикову Русия ва ҳам намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба таъкиди ин ниҳод, масъулони ширкати «Созидание» дар мурофеаии додгоҳӣ «мавқеи худро тибқи қонунгузорӣ бо далелҳо асоснок карда натавонистанд».

Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо сармоядорони қудратманди хориҷӣ дастбагиребон мешавад ва ба бастани ҷаримаҳои ҳангуфт ва ё дубора давлатӣ кардани корхонаҳову ширкатҳои марбут ба миллиардерони «бегона» иқдом мекунад. кияти сармоядорони хориҷӣ онҳоро аз кишвар меронанд.

Рӯзи 23 июн додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон бар асоси даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон шартномаи хариду фурӯши корхонаи «Тоҷиказот»-ро бекор карда, ин корхонаи марбут ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташро моли давлат эълон кард.

Дар моҳи апрел корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар маркази Душанбе, ки низ ба Фирташ рабт дода мешавад, низ давлатӣ карда шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi