17:09:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нассоҷону дӯзандагони тоҷик чӣ ҳол доранд?

Як гуруҳи коршиносони Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) бо ҳадафи баҳогузорӣ ба вазъи дастрасии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишварамон ба захираҳои молиявӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.

nassojon-54654441Ин сафар қадами нахустин дар роҳи анҷоми як пажӯҳише ба хотири баҳогузории вазъ ва пешниҳоди тавсияҳои гуногун ҷиҳати боло бурдани имкониятҳои маблағгузории соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Пажӯҳиши мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани тадқиқоти мазкур як гуруҳи иборат аз коршиносони байнулмилалӣ - Кристоф Кордонйе, Тариқ Фарҳодӣ, ва Жил Уолтер, ки аз ҷониби мушовирони миллии МТБ мусоидат мебинанд, ҷалб шудаанд. Ин гуруҳи коршиносон аз 28-уми апрел то 4-уми май дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо раҳбарону намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоративу созмонҳои хурди молиявӣ, созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ва корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ дидорҳо баргузор кард.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, бо хулоса кардани назари намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар, мегӯяд, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва маблағгузорӣ яке аз мушкилоти аслии корхонаҳои ин соҳа дар кишвар шинохта шудааст. Ӯ меафзояд:

"Мо ин пажӯҳишро бо ҳадафи шинохти имкониятҳо ва хидматрасониҳои феълии молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна, ниёзҳои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ дар мавриди дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва хидматрасониҳои молиявӣ, мушкилоти онҳо ҳангоми дастрасӣ ба маблағгузориҳо, мушкилоти бонку ниҳодҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хидматрасониҳои молиявӣ ва амсоли ин гуна мавзӯъҳо роҳандозӣ мекунем. Мо фазои танзимотии хидматрасониҳои молиявиро баҳо дода, муҳимтарин монеаҳоро дар ин самт муайян мекунем ва ба тавоноии созмонҳои молиявии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани дастрасии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ баҳо медиҳем".

Интизор меравад, хулосаҳои ин пажӯҳиш ва тавсияҳои он ниёз ба навъҳои ёрии фаннӣ ва тарзи маблағгузорӣ (қарздеҳӣ, замонатҳо)-ро муайян ва маҳсулоти нави молиявиеро таҳия ва муаррифӣ бикунад, ки посухгӯи эҳтиёҷоти соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар бастагӣ ба маблағгузорӣ бошад.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi