07:48:16 16-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Хутбаи никоҳи духтари ноболиғ имомхатибро ба зиндон бурд

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имомхатиби собиқи масҷиди Имом Бухории ин ноҳияро барои никоҳи духтари ноболиғ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст.

manorai-masjid 020813Ситора Раҳмонбоева, корманди шӯъбаи сабти ҳуҷҷатҳои додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  рӯзи 2 август бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, алайҳи имомхатиби собиқи масҷиди Имом Бухорӣ Саидаъзам Атоев бо иттиҳоми никоҳи духтари ноболиғ бар асоси моддаи 169 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ӯ ба як соли корҳои ислоҳӣ муҷозот шуд. Хонум Раҳмонбоева гуфт, ки Атоев ин ҳукмро дар маҳбаси Хуҷанд адо хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомот, имомхатиби масҷиди «Имом Бухорӣ» соли гузашта сокини ноболиғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фотима Расуловаро, ки ҳамагӣ 16 сол дошт, никоҳ кардааст. Алайҳи Садаъзам Атоев ҳамон як сол пеш парванда боз шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, раёсати дини вилояти Суғд мегуяд, ки Саидаъзам Атоев дар пайи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ билофосила аз мақоми имомхатибии масҷиди Имом Бухорӣ барканор карда шудааст.

Қонунҳои Тоҷикистон синни ҳадди ақали издивоҷро аз 18-солагӣ муқаррар карда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо иҷозати додгоҳ никоҳ бо афроди зери 18-ро иҷозат медиҳад. Дар моҳи январи соли 2011, вақте ин ислоҳ ба Кодекси оилаву никоҳ  ворид шуда, барои поймол карданаш дар Кодекси ҷиноӣ низ муҷозот муқаррар шуд, ба тамоми ходимони динӣ дар Тоҷикистон дастур шуда буд, ки бидуни санади сабти расмии никоҳ дар  идораи давлатии сабти ҳолоти шаҳрвандӣ(ЗАГС) касеро никоҳ накунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, бо вуҷуди аз ба 18 боло бурдани синни ҳадди ақали издивоҷ никоҳҳои барвақтӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома доранд ва ҳоло ҳатто дар бисёре аз хонаводаҳои бахусус сарватманд арӯс кардани духтарони 15-сола «мӯд» шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин хонаводаҳо ба хотири пинҳон доштани чунин никоҳҳои барвақтӣ ё бо роҳи қалбакӣ асноде мегиранд, ки синни арӯсро болотар нишон диҳад ваё танҳо бо никоҳи исломӣ бо ҷалби ягон рӯҳонии «худӣ» иктифо мекунанд.

Мақомот ва ҳомиёни ҳуқуқи зан никоҳҳои маҷбурии барвақтиро манбаъи афзоиши мавридҳои аз ҳам пошидани хонаводаҳо, худкушии занон ва  маргумири занон ҳангоми таваллуд меноманд. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 4000 хонавода аз ҳам пошидаанд. Ҷомиашиносон мегӯянд, бештар хонаводаҳое ҷудо мешаванд, ки дар синни хеле ҷавон хонадор шудаанд.

Ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шудани имомхатиби собиқи масҷиди Имом Бухорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин мавриди расонаишудаи муҷозоти як рӯҳонӣ барои мусоидат ба никоҳҳои барвақтист. Қаблан чанд мавриди муҷозоти волидон барои додани иҷозат ба издивоҷи духтари ноболиғашон сабт шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi