01:56:42 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Аз тафтиши ширкатҳои бастагони З.Саидов даҳҳо тан бекор монданд"

Даҳҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи тафтишу пурсуҷӯи густардаи ширкатҳои марбут ба наздикону пайвандони Зайд Саидов, бекор мондаанд.

zayd-saidov 23062013Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мегӯяд, тафтишҳои ғайриинтизори ширкатҳои вай ва бархе аз бародаронаш аз ҷониби Кумитаи андоз, Оҷонсии зидди фасод ва ҳатто Хадамоти оташфишонӣ идома дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай ин ширкатҳо ба падараш мутаалиқ набудаанд:

«Бисёре аз кормандони ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» баъди ин гуна тафтишҳои шадид ва тарсдоданҳо, аз кор ноумед шуданд. Вақте сари мо ин қадар тафтишҳо зам шуданд ва мо наметавонем сари вақт маоши коргаронро пардохт кунем. Аз ин рӯ бархе аз кормандон корпартоӣ карданд. Бечора мардум ҳам маҷбур аст аз пайи зиндагиаш шавад.»

Хайрулло Саидов афзуд, ки тафтиши кори ширкатҳои марбут ба хонаводаи онҳо ҳамоно идома дорад. Вай барои мисол мегӯяд, ҳарчанд дар мактуби Кумитаи андоз тафтиши сесолаи фаъолияти ширкатҳо сабт шуда буд, аммо масъулони ин ниҳод кори панҷ соли охири ширкатро тагурӯ карданд: «Вақте ба онҳо гуфтем, ки бародар, охир дар мактуб се сол дарҷ шудааст, чаро кори панҷ соли охирро тафтиш мекунед? Онҳо сареъан рафта мактуби Кумитаро иваз карданд, ки дар онҷо тафтиши пансолаву ҳафтсола дарҷ шудааст.»

Ба таъкиди Хайрулло Саидов, ширкатҳои марбут ба хонаводаи онҳо аз бузургтарин андозсупорандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳастанд ва то ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задани падараш, ҳеҷ мушкиле бо мақомоти назоратӣ ва андоз надоштанд.

Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, ҳоло мақомот тамоми ширкатҳои марбут ба хонаводаи зерҳимояашро тафтиш доранд: «Ҳоло тафтиши ширкати «Точсохтмон байналмиллал» аз ҷониби мақомоти андоз дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин дигар кори дигар ширкатҳои муштаракро бо саҳмияи русҳо ва эрониҳо тафтиш доранд.» Ба гуфтаи Зокиров, бисёре аз ин ширкатҳо то ба оғози ҳабси Зайд Саидов фаъолият намекарданд ва фаъолияти бархеаш зараровар будааст.

Яке аз кормандони ин ширкатҳо, ки ҳамакнун аз ҷои кор маҳрум шудааст ва нахост номаш ифшо шавад, гуфт, баъди чанд соли муҳоҷирату саргардонӣ дар Русия, дар ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» фаъолият мекард ва аз дастмуздаш низ розӣ буд, аммо зиёд шудани фишор ва норӯшанӣ дар фаъолияти минбаъдаи ширкат, ӯро маҷбур сохт то ширкатро тарк кунад ва боз нияти сафар ба Русияро пеш бигирад.

Зайд Саидов ҳанӯз дар оғози тасмимаш барои таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» низ аз гаронии андоз болои ширкатҳо ва шароити номусоиди пешбурди соҳибкорӣ дар кишвар шикоят карда гуфта буд, ки танҳо дар тӯли ду соли ахир миқдори кормандонаш аз 3 ҳазор то ба як ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Соҳибкори маъруф Зайд Саидов рӯзи 6-уми апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз тасмими таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» хабар дод ва дар таърихи 11-уми май додситонии пойтахт манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш парванда боз намуд. Худи ҳамон рӯз Оҷонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”, ки низ марбут ба Зайд Саидов дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза”-баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тарафдорони Саидов мегӯянд, вай аз сафари хориҷӣ барои он баргашт, ки ба бегуноҳии худ бовар дошт ва мехоҳад онро ба исбот расонад. Аммо барои ин, мегӯянд, вакилони дифоъ, шаффофияти тафтишот зарур аст. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi