02:16:15 17-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Нома ба марзбонони узбак дар робита ба боздошти чӯпонҳои тоҷик

Ситоди марзбонии КДАМ дар вилояти Суғд мегӯяд, дар робита ба боздошти панҷ чӯпон ва рабудани рамаи гӯсфандон аз Панҷакент, ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристоданд. Усмоналӣ Бӯриев, навбадори ин ниҳод рӯзи 22-юм июн дар суҳбат ба мо гуфт, ҳоло Ситоди марзбонӣ мунтазири посухи ҷониби Узбакистон ҳаст, то сари ин масъала ба гуфтушунид бинишинанд.

chupon-22062013Дар ҳамин ҳол ёвари раиси ноҳияи Панҷакент Зафар Шакаров ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар марз ором аст, аммо дар мавриди гуфтушуниди мақомоти тоҷику узбак ҳарфе дар миён нест. Оқои Шакаров таъхир дар ин амрро ба посух надодани ҷониби Узбакистон рабт дод. Аммо Исмат Ҳикматов, раиси ҷамоати Моғиён чанд лаҳза пеш ба мо гуфт, ки қарор аст музокироти ҷонибҳо барои ҳалли мушкили пешомада, имрӯз баргузор шавад.

Сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент иддао доранд, ки 15 июн садҳо сар гӯсфанд ва панҷ чӯпони маҳаллӣ аз ҷониби марзбонони Ӯзбакистон рабуда шуданд. Ҷамоати Моҳиёни Панҷакенти Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.

Раиси ҷамоати Моғиён Ҳикматулло Исматов рӯзи 21-уми июни дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо аз сарнавишти панҷ чӯпон ва садҳои сар гӯсфанди худ нигаронанд ва мунтазири мақомоти амниятӣ ҳастанд, ки таҳқиқи масъаларо шурӯъ кунанд.

Намозбой Қурбонхоҷаев, як сокини деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ки дар 250-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи шанбеи 15 июн, соати  5-и бегоҳ, ҳангоми убури рама аз чарогоҳи марзии "Оқатоб" (дар қаламрави Тоҷикистон) рух дод. Ба иддаои ӯ, сарҳадбонони Ӯзбакистон ба чарогоҳ ворид шуданд ва 2200 сар гусфанд, 41 гов ва 5 чӯпонро ба тарафи «Шутқишлоқ»-и Ӯзбакистон бурдаанд.

«То ҳол дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, ҳарчанд ба сарҳадбонони тоҷик ба  ҷамоати деҳоти Моғиён муроҷиат кардаем, вале то ҳол касе ба доди мо нарасидааст», меафзояд Қурбонхоҷаев.

Намозбой Қурбонхоҷаев дар посух ба саволи мо, ки оё сабаби интиқоли гӯсфандон ва чӯпонҳо ба он сӯи марз чӣ бошад, гуфт, ба эҳтимоли онҳо, ду ҳафта пеш сокинони деҳаи марзии Фароби ноҳияи Панҷакент ба деҳоти ҳаммарзи Ӯзбакистон убур карданд ва ҳудуди 1700 сар гӯсфанди сокинони он минтақаро ба қаламрави Тоҷикистон оварданд.

«Агар инҳо гӯсфандҳои ӯзбакҳоро намедуздиданд, мо, ки дуртар аз марз дар деҳаи Моғиён зиндагӣ мекунем, ҷабр намедидем», - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамакнун, як ҳафта мешавад, ки сокинони ҷавони ҷамоати Моғиён, ки бо чӯпонӣ машғуланд, яъне Тулибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров дар он сӯи марз "ба таври иҷборӣ" нигаҳдорӣ мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi