02:11:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Расонаҳо: Русия мехоҳад, “Окно”-ро тақвият диҳад

Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, шумораи низомиёнашро дар маркази дидбонии кайҳонии “Окно” зиёд кунад ва дар ин ҷо як ротаи “илмӣ” таъсис диҳад.

okno-20052013Бино бар хабари шабакаи “Вести”-и Русия, шумораи низомиёни ин кишвар дар маркази оптикию электронии назорати кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар ин ҷо қисми нави ҳарбии илмӣ-кайҳонӣ таъсис хоҳад ёфт. Расонаҳои хабарии Русия менависанд, аҳамияти маркази дидбонии “Окно”, ки ба нерӯҳои кайҳонии Русия шомил аст, дар оянда ба маротиб хоҳад афзуд. Яке аз торнамоҳои ҳарбии Русия гуфтааст, дар ҳолати зарурӣ ин марказ метавонад, на танҳо бо дидбонӣ, балки бо таъин ва дақиқ кадани ҳадафҳои кайҳонӣ низ машғул шавад.

Ҳарчанд бархе аз коршиносон чунин эҳтимолро ба филмҳои фанатастикии “Ҷанги ситораҳо” шабоҳат медиҳанд, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси собиқи Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, “Окно” агар ҳатто ба маркази ҳамла табдил ҳам наёбад, ҳадафи ҷазбкунандаи мушакҳои болдор буда метавонад:

«Пойгоҳҳои ҳавоии НАТО дар Туркия, дар Ҷопон, дар уқёнуси Ҳинд  аст ва мушакҳои онҳо баъд аз чанд дақиқа ба Тоҷикистон мерасанд. Ин хеле хатари ҷиддӣ аст ва тоҷикҳо бо ҳастии худ амнияти Русияро ҳимоя карда истодаанд. Чаро ин чизро мо наметавонем ба ҷаҳониён фаҳмонем?" Русия, аз нигоҳи сиёсатмадори тоҷик, аҳамияти ин маҷмааи кайҳониро дидаву дониста ночиз нишон медиҳад.”

Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд ва дар сари ағбаи Шар-шар, бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст, дар соли 2004 ба ивази қарзи 242-миллиондолларии Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Бино бар созишномае, ки он вақт раисони ҷумҳури ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар сол иҷора гирифта шудааст.

Фармондеҳи феълии маркази “Окно”, сарҳанг Владимир Хромченков, мегӯяд, ҳарбиён ва аҳли оилаи онҳо, ки дар солҳои нооромии Тоҷикистон ба Русия интиқол дода шуданд, дубора ба пойгоҳи “Окно” баргаштаанд ва акнун дар шаҳраке зиндагӣ мекунанд, ки берунтар аз ҳудуди ин марказ, дар канори шаҳри Норак бунёд гаштааст.

Ба хидмати яксола дар ротаи нави маркази назорати кайҳонии “Окно” хамткунандагони муваффақи донишгоҳҳои махсуси Русия даъват хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба онҳо имкон дода хоҳад шуд, дар ин ҷо барои рисолаҳои дипломии худ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд.

Маҷмуаи оптикию электронии “Окно” як иншооти мураккаб ва камназирест, ки ҳаракати хурдтарин ҷирмҳои осомониро дар баландии сар аз 2000 то 40 000 километр сабт мекунад. Бино бар мавқеи нодири ҷуғрофиёяш, “Окно” ҳамзамон ҳаракати ҷирмҳои кайҳониро дар шуъодоира ё радиуси 2000 километр “зери назар” дорад. Яъне ҳама гуна ҳаракат дар фазои кайҳонии Аврупо, Осиё, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Марказӣ, уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантик аз ҷониби маркази “Окно” дида ва ба таври автоматӣ сабт мешавад. Барои муқоиса Иёлоти Муттаҳида ин ҳаҷми маълумотро бо истифода аз чаҳор маркази ҳамсон ҷамъоварӣ мекунад.

Фармондеҳи қисми ҳарбии 52168-и Вазорати дифои Русия, сарҳанг Владимир Хромченков, ба шабакаи “Вести” гуфтааст, ҳар шабонарӯз дар ин ҷо феҳрасти муфассали ҷирмҳои мавҷудаи мадори Замин таҳия мешавад ва камтарин тағйиру зуҳури ҳама гуна ҷирми нав ҳадафи дидбонӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи полковник, марказ бархе аз вазифаҳои тиҷоратиро низ анҷом медиҳад: “Мо ҳамчунин кӯмак мекунем, ки моҳвораҳо ба ҷирмҳои осмонӣ ё “ахлот”-и кайҳонӣ барнахӯранд.

Низомиёне, ки барои кор ба пойгоҳи “Окно” меоянд, ба гуфтаи фармондеҳ, аз имтиҳони як ҳайати махсус мегузаранд ва дар шароити нимаҷангӣ кор кардаву маоши миёнаи онҳо 120 000 рубли русиро ташкил медиҳад.

Маҷмуаи оптикию электронии “Окно” ҳамчунин ба иҷрои дархости фармоишгарон хориҷӣ низ машғул аст. Аз ҷумла танҳо сабти координатҳои ҷирми кайҳонӣ барои фармоишгари хориҷӣ 500 доллар аст. Сабти ҳамаи масири ҳаракати он 1500 долларро ташкил медиҳад. Корманди аршади маркази “Окно” Олег Марков аз ифшои теъдоди умумии чунин фармоишҳо худдорӣ карда, вале гуфтааст, ки пойгоҳ кайҳо “харҷи худро баровардааст.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi