16:26:15 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30 31      

Душанбе аз Маскав хост, ҳодисаи кашфи мухаддиротро шарҳ диҳад

Душанбе аз Маскав тақозо кардааст, ки ҳодисаи кашфу мусодираи 80 кг маводи мухаддир аз қатораи Тоҷикистон дар қаламрави Русияро шарҳ диҳад.

geroin-tjk-17052013Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз тариқи сафорати Русия дар Душанбе ба Хадамоти Федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддири Русия (ФСКН) нома ирсол дошта тақозо кардааст, ки ҳодисаи кашфу мусодираи 80 кило маводи мухаддир аз қатораи Тоҷикистон дар қаламрави Русияро шарҳ диҳад.

Мақомоти қудратии Русия ду рӯз қабл иттилоъ доданд, ки дар махфигоҳи қатораи рақами 319-и Маскав-Душанбе, 40 баклашкаи 2 литраро кашф карданд, ки дар дохили онҳо маҷмуан 80 кило маводи мухаддир пайдо шуд. Зимнан Владимир Рогозин, муовини нахуствазири Русия ҳам аз ёфт шудани 50 кило ҳероин дар махфигоҳи қатораи Душанбе дар Истгоҳи Оқсарои Приволже ба хабаргузориҳо гузориш дода буд.

Дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май ба мо гуфт, ки рӯзи панҷшанбе номаи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон ба унвони Хадамоти Федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухадири Русияро дастрас карда ва ба унвони ин ниҳод ирсол доштаанд.

Зимнан, як намояндаи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба мо гуфт, ки дирӯз барои рушанӣ андохтан ба хабарҳои ахир оиди кашфу мусодираи маводи мухаддир дар қатораҳои Тоҷикистон, ки бо иқдоми кормандони Хадамоти Федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухадири Русия ошкор шудаанд, ба ин ниҳод нома фиристодаанд.

Дар нома тақозо шуда то ҷузъиёти ҳодисаҳоро тавзеҳ диҳанд, ки оё воқеан ин маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия интиқол дода шудааст ё дар берун аз марзи Тоикистон дар имтидоди роҳ то ба Русия, сурат гирифтааст. Намояндаи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухадири Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамакнун мунтазири посухи мақомоти вобастаи Русия ҳастанд.

Соли гузашта зимни як ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар қатораи Тоҷикистон дар Русия, барои рушанӣ андохтан Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухадири Тоҷикистон ба ФСКН-и Русия нома ирсол дошт ва дар натиҷа маълум шуд, ки маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия наомадааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi