19:18:15 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ширкаткунандагони «МегаФорум» дар «МегаФон» коромӯзӣ хоҳанд кард

Донишҷӯёне, ки дар таҳияи тарҳҳои «МегаФорум»-и МегаФон ва Вазорати маорифи Тоҷикистон саҳм гирифтанд, дар ин ширкат коромӯзӣ хоҳанд кард.

megafrum 28042013Тавре дар ин бора аз ширкати «МегаФон» хабар доданд, дар давр, ки бори сеюм баргузор мешавад, донишҷӯён бояд вазифаи мушкил, вале хеле ҷолибро анҷом медоданд: тарроҳии вебгоҳе таҳти унвони «МегаДонишҷӯ», ки барои донишҷӯён, довталабон, падару модар ва устодон муфиду ҷолиб бошад. Дар таҳияи тарҳҳои даргоҳҳои (portal)-ҳои омӯзишӣ донишҷӯёни шаш муассисаи олии таҳсилӣ ширкат доштанд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат.

Ширкаткунандагон тарҳҳои худро дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Дар ин мусобиқаи мушкил тими Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат пирӯзиро ба даст овард. Тими мазкур на танҳо тарҳи вебгоҳи донишҷӯёни донишкадаи худ, балки тамоми ҷумҳуриро муаррифӣ кард.

Раиси ҳайати мунсифаи «МегаФорум», мудири омили ширкати «МегаФон» Андрей Шишковский гуфт: «Ҳамаи тарҳҳо дар сатҳи баланди ҳирфаӣ таҳия шуда буданд. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи тимҳо, ба онон мизбонии веб (web hosting)-и ройгонро барои вебгоҳҳои омодакардаашон пешниҳод кунем. Ҳамин тариқ, баъид нест, ки дар ояндаи наздик мо кори ширкаткунандагонро на танҳо зимни муаррифиҳо хоҳем дид, балки ҳамчунин, шоҳиди иҷрои онҳо хоҳем шуд. Ба ғайр аз ин, ҳамаи ширкаткунандагон имкон доранд дар ширкати мо ба коромӯзӣ машғул ва ба маҳзи фароғат аз таҳсил барояшон кор фароҳам хоҳад шуд».

Ба тимҳое, ки ҷойҳои 4, 5 ва 6-ро касб карданд, 1000 Мб трафики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ барои касби ҷойи 3-юм соҳиби SIM-кортҳои дорои шумораҳои нуқрагӣ гардиданд. Ба донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки ҷойи 2-юмро касб карданд, модемҳои 3G-и 21 Мб/с ва 3 000 Мб трафики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Барои ҷойи аввал – Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат - ҷадидтарин телефонҳои ҳушманд эҳдо гардид.

Муовини вазири маорифи ҶТ Бозоралӣ Одинаев, аз ҷумла, гуфт: «Аз рӯйи сатҳи омодашавии муаррифии донишҷӯён метавон гуфт, ки донишҷӯён нисбати ин қабил чорабиниҳо мароқи бузург зоҳир мекунанд. Донишҷӯёни муосир ҳаҷми бузурги иттилоотро, асосан, аз тариқи интернет ба даст меоранд, бинобар ин банда мутмаинам, ки тарҳҳои омодакардаи иштирокчиёни «МегаФорум», ҳатман, дар амал татбиқ карда шуда, таҷрибае, ки донишҷӯён ҳангоми коромӯзӣ дар «МегаФон» ба даст меоранд, барои онҳо фоидаовар хоҳад буд».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi