03:16:37 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Имкони кор барои табибони тоҷик дар Яман бештар шудааст

 Хабари қатъ шудани қарордоди табибони тоҷик ва ҳамтоҳои онҳо аз кишварҳои ИДМ дар Яман ҳақиқат надорад. Дар ин бора раҳбари тоҷиктабори ширкати русии мустақар дар Яман Сайидаҳмад Беков ба мо хабар дод. Ҷаноби Беков гуфт, овозаҳо,дар бораи қатъи ҳамкории Яман бо табибон аз мамолики собиқ Шӯравӣ асосе надоранд.

dukhtur-18042013Сайидаҳмад Беков мудири омили ширкати Техностройэкспорт, ки ба Яман таҷҳизот содир мекунад ва ходимонаш дар шифохонаҳои ин кишвар ифои вазифа доранд, рӯзи чоршанбе дар як сӯҳбати хос бо мо гуфт:

“Субҳи имрӯз (17-уми апрел) мо бо муовини вазири беҳдошти Яман доктор Аҳмад Розӣ мулоқот доштем. Ҳамсӯҳбати  ямании мо иброз дошт, ки кишвараш бо табибону ходимони соҳаи беҳдошти рус ва собиқ Шӯравӣ эҳтиёҷи бештар дорад. Ӯ хоҳиш кардааст, ки шумораи бештари табибон ба ин кишвар оянд.”

Номбурда илова кард, ки бар пояи қарордоди ҳамкории ширкати Техностройэкспорт бо ҳукумати Яман онҳо ба ин кишвар табиб, ҳамашираи шафқат ва умуман, ходими соҳаи тиб мефиристад.

Беков, ки аслан зодаи Тоҷикистон ва дастпарвари факултети шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон аст, мегӯяд, дар ширкати онҳо тахминан 200-250 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷамоҳири собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ кор мекунанд.

Маоши миёнаи як табиб дар Яман аз як ҳазор доллар бештар нест, вале табибони тоҷик мегӯянд, ки бинобар набудани  кору маоши муносиб маҷбуранд ба чунин кишвари ноором, ки солҳои гузашта шоҳиди инқилоби маъруф бо номи “Баҳори Араб” , аз як тараф ва амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди гурӯҳҳои ошӯбгари муттафиқи созмони террористии ал-Қоида шудааст, сафар кунанд.

Соли 2011 як табиб-шаҳрванди Тоҷикистон-Ҳомид Овчибеков дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар гарав гузаронида буд. Беков мегӯяд, баъди ин ҳодиса ҳукумати Яман чораҳои иловагии амниятӣ андешид ва коргарони ширкати онҳо бо дили ором кори худро идома медиҳанд.

Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi