18:14:00 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РОҲСОЗИВУ РОҲКАНИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН БА ХОТИРИ ЧИСТ?

Ӯзбекистон нақша дорад роҳи оҳани қисмати ғарбии мамлакаташро ба воситаи ағбаи Қамчиқ ва қисмати шарқиашро дар атрофи Тоҷикистон ба ҳам бипайвандад. Ағбаи Қамчиқ роҳи ягонаи автомобилиест, ки байни вилояти Тошкент ва ноҳияи Папи вилояти Намангон ҷойгир аст. Роҳи оҳани нави электронидаи Ӯзбекистон хати -«Ангрен-Пап» 129 километр дарозӣ дошта, тариқи ағбаи Қамчиқ ва саросари сарҳади шимолии Тоҷикистон мегузарад.

/images/stories/2013/02/25_amuzing-250213.jpgСохтмони ин хати роҳи оҳан, ки вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғонаи Ӯзбекистонро ба ҳам мепайвандад, 1,9 млрд доллари ИМА арзиш дорад. Ӯзбекистон мекӯшад охирин тарҳи асосии техникӣ-иқтисодии лоиҳаро то охири соли 2013 ба нақша гирифта, дар аввали соли 2014 бевосита ба корҳои сохтмонӣ шуруъ кунад. Роҳи оҳани Ӯзбекистон чунин як нақшаи боҳашаматест, ки метавонад мадюнии бузургро ба вуҷуд оварад. Зимни сохтмони хати нави роҳи оҳан, эъмори ду нақб низ пеш меояд, ки ҳар яке хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. Мӯҳлати иҷроиши ин лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Солҳои гузашта, амалан таъмини вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона тавассути роҳҳои оҳан ва нақлиёти вилояти Суғди Тоҷикистон дар асоси созишнома миёни ду кишвар ҷараён мегирифту ин раванд ба танзим дароварда шуда буд. Роҳе, ки тариқи вилояти Суғд мурур дошт, барои Ӯзбекистон аз аҳамият холӣ набуд. Ӯзбекистон дар ин миён нахост аз роҳе, ки ба воситаи Тоҷикистон мегузарад, истифода барад. Барои ҳамин ҳам ба сохтмони роҳи оҳани нав шуруъ мекунад.

Кишвари ҳамсоя бо ин роҳ нишон доданӣ мешавад, ки нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қудратманд аст. Лекин дар асл бошад, имконияту нерӯи зиёде надорад. Қудратмандиаш танҳо дар он зоҳир мегардад, ки яктарафа роҳи оҳан ва роҳи нақлиётии давлатҳои ҳамсояашро маҳдуд сохта, барои пешрафти он кишварҳо монеа эҷод мекунад. Ин на қудратмандӣ, балки таҷассуми кинаву адоват нисбати ии давлати ҳамсоя мебошад. Агар ин падида хусумат нест, чаро Ӯзбекистон барои худ роҳ месозаду роҳи дигаронро хароб сохта, мардумеро дучори мушкил ва ҳамсоякишварашро бо бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ месозад.

Акнун Ӯзбекистон кӯшиш мекунад шохаи нави роҳи оҳан созад, то он ки аз ҳудуди кишварҳои минтақа берун рафта, худ дар як масири барои давлаташ созгор ба системаи идоракунии яктарафа бипардозад. Давлати Ӯзбекистон барои сохмони роҳи оҳан иқдом гузоштааст, вале барои аз байн бурдани роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя низ «иқдомаш» кам нест. Соли 2011 роҳи қатораҳои Тоҷикистонро, ки тавассути роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг"-и кишвараш ҳаракат мекард, кандаву равуои қатораҳоро қатъ кард ва бар замми ин роҳро хароб намуд. Пасон бо ирсоли барқия ҷониби Ӯзбекистон далели ин амрро хароб шудани пули роҳи қатора дар қитъаи "Ғалаба-Амузанг" аз дасти террористон унвон кард. Баъдтар маълум гардид, ки кори дасти худи Ӯзбекистон аст.

Боздоштани қатораҳо, кандани роҳи оҳан ва бастани гузаргоҳҳо дигар барои давлати Ӯзбекистон як амри воқеӣ гардидааст. Соли ҷорӣ низ ҷониби Ӯзбекистон гузаргоҳҳои "Қизил-Қия", "Қарасуу", "Ҷалолобод", "Шамалдусай"-ро, ки роҳ ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон буданд, яктарафа баст. Ӯзбекистон дар ҳама ҳолату вазъият бастани роҳҳову гузаргоҳҳоро иллати мушкилоти фаннӣ меномад, вале дар шарҳи ин мушкилот лол мемонад, посухе гуфта наметавонад. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи ин харобкориҳо танҳо хусумат асту халос. Дар баъзе ҳолат вазъияти бавуҷудомада мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор ҳам гирад, ҷониби Ӯзбекистон шартҳое пеш меорад, ки ҳаргиз ба хулосаи қатъӣ наметавон расид.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлиси ҳукуматӣ иброз дошт, ки мушкилоти асосии муқобилият бо ҳамсояҳоро бартараф хоҳем кард. Ӯ маҳз ҳамин роҳи оҳанро дар назар дошт, ки бо сохта шудани он мушкилот бартараф хоҳад шуд. Аммо ин чи гуна роҳи бартараф кардани мушкилот аст, вақте ки Ӯзбекистон барои Тоҷикистон мушкилот меоварад, на баръакс. Ҳақиқати матраҳ он аст, ки Ӯзбекистон мехоҳад дар минтақа кишвари аз ҳама муваффақу пешқадам бошад, ҳамсоякишварҳояш заифу зору мутеъ. Бо ҳамин мақсад пайваста дар талош аст, ки Тоҷикистонро дар бунбасти иқтисодӣ гирифтор кунад. Ҳама роҳсозиҳо барои худу роҳканиҳо барои дигарон ба ҳамин хотиранд.

Муҳаммади Маҷид



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi