20:43:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АЗ ХАТМИ МӮҲЛАТИ БОЗДОШТИ ҚУВВАТОВ СЕ РӮЗ ГУЗАШТ

Наздикони Умаралӣ Қувватов мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ӯро ба Тоҷикистон таслим нахоҳанд кард.

/images/stories/2013/02/21_umarali-quvvatov-210213.jpgНаздикони Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, мегӯянд, таъхири ҳалли сарнавишти ин соҳибкори боздоштшудаи тоҷик сабабҳои фаннӣ дораду ба эҳтимоли зиёд, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ӯро ба Тоҷикистон таслим нахоҳанд кард.

Додситонии Имороти Муттаҳидаи Араб мӯҳлати боздошти Қувватовро то 18-уми феврал дароз карда буд, вале то ҳол қарори ҳукумати ин кишвари Халиҷи Форс дар бораи сарнавишти Қувватов эълон нашудааст.

Қувватов, ки бо наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон тиҷорати муштарак дошта, баъди қатъи ҳамкорӣ бо онҳо ба Маскав фирор кард, тобистони соли 2012 аз пойтахти Русия дар бораи таъсиси  созмони мухолифи ҳукумати бо номи “Гурӯҳи 24” эълон кард. Ӯ рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи аморати Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Раиси Оҷонси зидди коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов моҳи гузашта гуфта буд, ки парвандаи зидди Қувватов бо иттиҳоми рабудани 6 миллион сомонӣ таҳия шуда, ба он инчунин шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон низ илова шудааст.

Дар сӯҳбат бо мо Қуватов айбномаро беасос номида, гуфт, аз Тоҷикистон зери фишор ва бо дасти холӣ баромадааст. Ҳамчунон ӯ афзуд, ки қабл аз тарки Тоҷикистон карданаш раҳбари ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” буд, ки ҳоло ба яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳатто дар сурати худдории мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб аз истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон, ин соҳибкор ҳамзамон аз маҳбас раҳо нахоҳад шуд, зеро дар навбати аввал додситонии Иморот дар паёмаш ба ниҳоди дархостнамудаи боздошт, яъне Интерпол ва ё ҳукумати Тоҷикистон сабаби худдорӣ аз истирдодро ошкор хоҳад кард. Дар ин байн Қувватов имкон хоҳад дошт, ки аз ягон кишвари дигар паноҳандагии сиёсӣ талаб кунад.

Ҳомии ҳуқуқ ва дӯсти Қувватов Николай Николаев, ки ҳангоми боздошти Қувватов ҳамроҳ бо ӯ дар фурӯгоҳи Дубай будааст, мегӯяд, ҳар гуна овозаҳо дар бораи шаҳрвандии русии Қувватов дурӯғи маҳз аст, зеро ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, ба Дубай низ чун шаҳрванди ин кишвар сафар карда буд.

Ахиран пешвоёни гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Русия - раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ Гаррӣ Каспаров, раҳбари Иттиҳодияи “Русские” Александр Белов, узви раёсати ҳизби “5-уми декабр” Денис Билунов, раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва вакили Думаи давлатии Русия Иля Пономарёв изҳороте пахш намуда, таъкид карданд, ки мақомоти Тоҷикистон Қувватовро яқинан ба далоили сиёсӣ таъқиб доранд ва ӯ дар сурати истирдодаш, дучори муҷозоти мудҳиш хоҳад шуд ва ҳаёту саломатиаш зери хатар хоҳад рафт. Онҳо аз мақомоти ИМА тақозо карданд, ки аз истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi