18:05:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29            

ДУШАНБЕ ИТТИҲОМОТИ АМРИКО АЛАЙҲИ «КОМ ЭЙР» -РО БЕАСОС ХОНД

Мақомоти тоҷик интиқоли мухаддирот тавассути тайёраҳои ширкати афғонии «Ком Эйр» ба Тоҷикистонро рад карданд.

/images/stories/2013/01/29_mavodi-mukhaddir-29012013.jpgБунафша Одинаева, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 29 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, иттиҳомоти Амрико алайҳи ширкати ҳавопаймоии «Ком Эйр» дар мавриди интиқоли мухаддирот ба Тоҷикистонро, беасос хонд.

Одинаева аз қавли масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, «Ком Эйр» аз соли 2007 ин ҷониб ҳафтае як маротиба дар хатсайри Кобул – Душанбе – Кобул парвоз мекунад ва тайи ин солҳо ягон ҳолати интиқоли мухаддирот тавассути ин ширкат сабт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта нашрияи амрикоии Wall Street Journal ба нақл аз низомиёни Амрико навишта буд, ки маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Ҳамзамон бо нашри ин гузориш, ҳукумати Амрико ин ширкати ҳавоиро дар рӯйхати сиёҳи он кишвар дохил кард.

Ҳукумати Афғонистон ҳам баъди нашри ин гузориш аз Амрико хостааст, далелҳои даст доштани ширкати афғонии “Ком Эйр” дар қочоқи мухаддирот ба Тоҷикистонро ироа намояд. Худи «Ком Эйр» низ, ки аввалин ширкати хусусии ҳавонавардӣ дар Афғонистон аст, айбномаро рад мекунад.

Муассис ва раҳбари «Ком Эйр», Замарай Комгор дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи амрикоии Вол Стрит Ҷорнел (The Wall Street Journal) гуфтааст, интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар имкон надорад, зеро ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои афғонӣ аз тафтиши амниятӣ мегузаранд. Комгор бар ин назар аст, ки гурӯҳҳои рақиб бар зидди ширкати ӯ дасиса ташкил кардаанд.

“Ин як иттиҳоми беасос ва ғайриқобили бовар аст, ки тавҳин барои ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва гурӯҳҳои амниятии англисии “Globall”, “All Life Group” ва ҳамчунон тавҳин ба кишвари дӯсти мо - Тоҷикистон аст. Мо ҳар ниҳодепро, ки чунин иттиҳомот пеш овардааст, ба додгоҳ кашида, аз роҳи қонуни ҷуброни хасороти моливу маънавиро хоҳем кард.” - гуфтааст, раиси ширкати "Ком Эйр".

Аммо Бунафша Одинаева, масъули Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бар ин аст, ки ин иттиҳомоти беасос ба нафузи байналмилалии Тоҷикистон ва худи ширкат таъсире нахоҳад дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi