18:47:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАМАЗОН РАҲИМОВ ХОДИМОНИ ПОЛИСРО БАРОИ АМАЛИЁТИ МАСЧОҲ ҚАДРДОНӢ КАРД

Вазири умури дохилии Тоҷикистон кормандони полисро барои анҷоми амалиёти алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар шимоли кишвар ситоиш кард.

/images/stories/2013/01/29_maschoh-29012013.jpgМаҳмадулло Асадуллоев, сардори дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 январ ба мо гуфт, ки субҳи сешанбе Рамазон Раҳимов барои ошноӣ бо ҷараёни амалиёти зидди гурруҳҳои терористӣ, аз ҷумла аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба Хуҷанд сафар кард.

Вазири корҳои дохилӣ  кормандони интизомии вилояти Суғдро, ки давоми як моҳи ахир дар амалиёти боздошти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ширкат намудаанд, ҷоиза дода, ба зиракии бештар даъват кардааст. Вай ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки дар дастгир ва безарар гардонидани аъзои Ҳаркати исломии Узбакистон  ба полис кӯмак кардаанд, туҳфа додааст.

Ҳафтае қабл вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз сокинон ва кормандони сохторҳои интизомии кишвар хост, ки дар соли интихобот аз ҳушёрӣ кор гиранд ва  дар сурати пайдо шудани афроди ношиносу шубҳаовар  дар маҳаллашон кормандони милисаро дар ҷараён гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ахиран чаҳор сокини ноҳияи ​​Масчоҳи вилояти Суғдро  бо иттиҳоми хабар надодан роҷеъ ба ҷои пинҳон шудани аъзои гуруҳҳои тундрав,  боздошт кардаанд. Маҳмадсафар Пиров, сардори идораи корҳои дохилии ноҳияи Масчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сокинон  дар доираи амалиёти боздошти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир шудаанд:

“Парвандаи ин афродро мақомоти раёсати корҳои дохилӣ ва додситонии Суғд пеш мебаранд. Мо танҳо  онҳоро дастгир кардем ва дар ихтиёри мақомоти мазкур супоридем. ”

Шӯъбаи корҳои дохилии Мастчоҳ мегӯяд, ба сурати умум, дар моҳи январ дар ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар зимни амалиёт алайҳи аъзои ҲИУ  боздошт шудаанд. Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, ки  3 тан аз дастгиршудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва мансубият ба ҲИУ ва 3 тани дигарро барои паноҳ додан ба ин афрод айбдор мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi