14:13:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"БОНУ"-ФИЛМЕ ДАР БОРАИ МУҲОҶИРДУХТАРИ ТАНҲОИ ТОҶИК

Коргардони шинохтаи рус Лариса Садилова таҳияи филми “Бону” (“Она”) доир ба рӯзгори муҳоҷирони кориро анҷом дод. Лариса Садилова дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки рӯзи нахустнамоиши филм ҳанӯз мушаххас нашудааст ва қарор аст “Бону” (“Она”) имсол дар ҷашнвораҳои ватаниву байнулмилалӣ ҳам ширкат кунад.

/images/stories/2013/01/29_bonu-films-29012013.jpgБа гуфтаи таҳиягар, филми “Бону” дар бораи духтаре бо исми Майя аст, ки аз  Тоҷикистон ба назди дилдодааш ба Маскав меояд ва аммо дилдодааш ӯро тарк карда барои арӯсӣ бо духтари дигар ба ватан бармегардад.

Лариса Садилова меафзояд, мо талош кардаем сарнавишти духтареро тасвир кунем, ки дар шаҳри бегона бо мардуми забонашон бегона тани танҳо мемонад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, қиссаи Майя воқеӣ аст ва ӯ дар филмнома фақат бахши ниҳоиро тағйир додааст - қаҳрамони филм дар қиёс бо қаҳрамони воқеӣ бахти худро пайдо мекунад.

Лариса Садилова бо рӯзгори муҳоҷирони корӣ аз наздик ошно аст. «Зиндагии муҳоҷирон дар пеши чашми ман, дар шаҳраке мегузарад, ки он ҷо ба сар мебарам. Аз сӯи дигар, ман дӯстони зиёди тоҷику ӯзбаку қирғиз дорам, ки бо онҳо аз замони донишҷӯӣ бо ҳам қадрдонем.  Аз ин рӯ мушкили муҳоҷирон, орзуву омол, нигарониву дарди онҳо барои ман ошност. Ман ҳамарӯза инро мебинам, бо  он бархӯрд мекунам... Ва ҳамчунон мебинам, ки вазъи дӯстони муҳоҷири мо он қадар бад ҳам нест. Муҳоҷироне, ки дар шаҳрак зиндагӣ мекунанд, кӯдаконашон он ҷо ба дунё омадаанд, бо мардуми маҳаллӣ ҳамзистии осоишта доранд ва шахсан ман ягон хел бадбиниро миёни онҳо мушоҳида накардаам. Як масъалае, ки дар филм мо бардоштаем, маҳз ҳамин аст – дар Ғарб ба муҳоҷирон чун ба бегонаҳо муносибат мекунанд, вале мо шаҳрвандони як кишварем бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ ва муносибати мо бо ҳамдигар фарқ мекунад.»

Нақши Майяро дар филми “Бону” тоҷикдухтар Нилуфар Файзиева бозидааст. Ба гуфтаи Лариса Садилова, Нилуфар ҳунарпешаи ҳирфаӣ нест, вале нақшро хело хуб ва боварибахш офаридааст. Нилуфар Файзиева ҳаждаҳ сол дорад ва айни ҳол донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе аст.

Хонум Садилова меафзояд, ки барои иҷрои нақшҳо ӯ симоҳои нав – ҳунармандони театрҳои маҳаллии Брянскро ҷалб кардааст. Яке аз нақшҳои асосиро донишҷӯи донишгоҳи шаҳри Самара бозидааст, ки ба гуфтаи Лариса Садилова, ӯро ҳама рӯзҳои наворбардорӣ падараш ҳамроҳӣ мекард. Барои иҷрои нақш як ҳунарманд аз театри шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам даъват шудааст. Дар саҳнаҳои оммавӣ муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбаку қирғиз, ки дар наздикиҳои ҷойи наворбардорӣ кор мекарданд, ширкат намудаанд. Лариса Садилова мегӯяд, аксари офарандагони нақшҳо онҳоеанд, ки мушкили муҳоҷиратро хуб медонанд ва заҳмату дарди муҳоҷиратро дар пӯсти худ эҳсос кардаанд.

Лариса Садилова аз шогирдони устоди синамои рус Сергей Герасимов аст ва ба олами синамо чун ҳунарпеша ворид шудааст. Ӯ нахустин филми худ “Зодрӯз муборак!”-ро соли 1998 навор бардошт ва якбора машҳур шуд. Филм дар ҷашнвораи “Кинотавр” дар Сочи, ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар Мангейм, Котбус ва Братислава соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Филми дигари Лариса Садилова “Бо эҳтиром, Лилия!” дар ҷашнвораҳои Роттердам ва Варшава соҳиби шоҳҷоизаҳо шудааст.  Ӯ ҳамчунин муаллиф  ва таҳиягари филмҳои “Ба доя зарурат дорем”, “Бидуни кори шахсӣ”, “Писар”  ва “Она”(“Бону”) мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi