16:22:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ТАЛАБИ 27 СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ГУМОНБАР ДАР ҚАТЛИ ЯЗНАИ ПРЕЗИДЕНТ

Додситонӣ барои Диловаршоҳ Қосимов, ки дар куштори Холмӯъмин Сафаров, язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам мешавад, 27 соли зиндон талаб кардааст.

/images/stories/2013/01/16_kholmumin-safarov-160113.jpgШуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт, ки рӯзи 15-уми январ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки пушти дарҳои баста ҷараён мегирад, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, Қосимовро ба 27 соли зиндон маҳкум кунад.

Қудратов дар суҳбат бо мо афзуд, ки додситонӣ иттиҳомот алайҳи зерҳимояаш, Диловаршоҳ Қосимовро собитшуда медонад ва талаб дорад, ки номбурда бо ҷурми куштор, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва бисёрзанӣ 27 соли ояндаро дар маҳбас сипарӣ кунад.

Ба гуфтаи Қудратов, фарди зери ҳимояи ӯ фақат айбномаи бисёрзаниро эътироф кардааст, ки бар пояи он бояд ба маблағи якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима супорад.

Дар мавриди иттиҳом ба куштори Холмӯъмин Сафаров, Қудратов афзуд, ки айбнома алайҳи зерҳимояаш бар асоси тахмину фарзия таҳия шудааст ва дар парванда ягон шаҳодату далели қатъие нест. Ба гуфтаи вакили мудофеъ ҳеҷ кадоме аз шоҳидони дар ҷараёни мурофиа пурсидашуда бо чашмони худ қотилро надидаанд ва ё ин, ки аз дур танҳо суроби қотилро дидаанд, ки ӯро намешиносанд.

Ду тан аз ин шоҳидон гуфтаанд, ки аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаров-язнаи президентро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса тира буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд. Далели дигаре, ки ҳамчун мавод дар ҷараёни додгоҳӣ истифода шудааст, як навори видеоӣ аст, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, тақрибан чизе дар он мушоҳида карда намешавад.

Хабаргузории “Азия плюс” навиштааст, ки додситонӣ ду муттаҳами дигар Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳоро барои нарасонидани хабар дар бораи ҷиноят муттаҳам намуда, талаб кардааст, ки онҳо мутаносибан ба муддати 8 ва 3 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр мурофиаи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” Холмӯъмин Сафаровро пушти дарҳои баста оғоз кард. Холмӯъмин Сафаров моҳи июн дар назди манзилаш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ӯ соҳибкор Диловаршоҳ Қосимов ва ду бародари ӯ Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил бо иттиҳоми хабар нарасондан ба мақомот, ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Қосимов дар ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi