18:52:10 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«ТОҶИКТРАНСГАЗ»: ДАЪВАТИ УЗБАКИСТОНРО ИНТИЗОРЕМ

Ширкати "Тоҷиктрансгаз" бовар дорад, ки то соли нави мелодӣ, созишнома дар бораи харидуфурӯши газ бо Узбакистон, ба имзо хоҳад расид.

/images/stories/2012/12/28_gazi-uzbak-281212.jpgСаидаҳмад Шарофиддинов , раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо мо гуфт, тамоми маводи заруриро ба Узбакистон пешниҳод кардаанд ва айни ҳол даъвати кишвари ҳамсояро интизоранд. Шарофиддинов изҳори боварӣ намуд, ки то анҷоми муҳлати созишномаи мавҷуда, созишномаи нав барои соли 2013 баста хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон ягона харидори гази Узбакистон дар минтақа аст, ки то ҳол барои харидуфурӯш дар соли 2013 бо ин кишвар созиш накардааст. Муштариёни дигари гази Узбакистон дар минтақа ҳафтаи ҷорӣ эълон карданд, ки бо ин кишвар дар мавриди хариди газ дар соли 2013 ба мувофиқа расидаанд.

Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тургунбек Кулмурзаев, раиси ширкати «Киргизгаз», хабар доданд, ки ин кишвар бо Узбакистон мувофиқа кардааст ва аз соли оянда як ҳазор метри мукааби гази узбакиро бо нархи 253 доллари амрикоӣ харидорӣ хоҳад кард. Ширкати русии «Газпром» ҳам бо «Узбакнефтегаз» дар бораи хариди 7.5 миллиард метрии мукааб газ дар соли 2013 созишнома бастааст. Узбакистон барои Русия ҳам 253 доллари амрикоӣ нарх муайян кардааст. Дар ҳоле, ки Русия ба Аврупо 1000 метри мукааби гази аз Узбакистон харидаашро бо нархи 450 доллари амрикоӣ мефурӯшад.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки гази Узбакистонро аз муштариёни дигари ин кишвар қиматтар мехарад ва ҳаҷми зиёд талаб намекунад, ҳанӯз ҳам бо ҳамсоя ба созиш нарасидааст. Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд,  харидуфуруши газ миёни Тоҷикистону Узбакистон, тайи ду соли охир, бо тақозои кишвари ҳамсоя аз рӯи формулаи байналмилалии нарх сурат мегирад. Тибқи он, Узбакистон ҳар семоҳа вобаста ба нархи нафт, мазуту газол арзиши газашро болою поён мебарад. Дар соли 2012-юм нархи 1000 метри мукааби гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз ҳадди 300 доллари амрикоӣ боло рафта буд.

Айни ҳол тибқи иттилои як манбаъ аз ширкати «Тоҷиктрансгаз», интиқоли газ ба Тоҷикистон тибқи созишномаи соли 2012 пурра қатъ нашудааст. Аввали ҳафтаи равон Узбакистон замони қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро соати 18 : 00-и рӯзи 31-уми декабр эълон карда буд.

Дар Тоҷикистон гази Узбакистон асосан барои фаъолияти ду корхонаи бузугтарини ин кишвар, корхонаи алюминиюм "Талко" ва "Тоҷиксемент" истифода мешавад. "Тоҷиксемент" дар пайи камбуди газ чанд ҳафтаи охир аз фаъолият бозмондааст.

Аммо ширкати "Талко" мегӯяд, айни ҳол гази узбакиро дар ҳаҷми кам дарёфт мекунад ва дар сурати қатъи пурраи интиқоли гази Узбакистон ҳам, корхона аз фаъолият намемонад. Масъулини ширкат мегӯянд, дастгоҳҳои истеҳсоли газро аз ангишт насб кардаанд ва дар мавриди зарурат то 90 дарсади талаботашонро таъмин мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi