19:10:00 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

МАРГИ ЯК СОКИНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАР АСАРИ САРМОИ ШАДИД

Субҳи 27-уми декабр дар хиёбони марказии Қӯронтеппа ҷасади шахшудаи зани миёнсоли тоҷик пайдо гардид. Мақомоти Идораи умури дохилии Қӯрғонтеппа бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки гуруҳи тафтишотӣ то ҳол машғули муайянсозии шахсияти ин зан аст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ин зан дар хиёбонҳои шаҳр талбандагӣ карда, бекасу кӯй будааст ва дар миёни мардум ба унвони «бомж» шинохта мешудааст.

/images/stories/2012/12/27_barfi-qurghan-271212.jpgЮлдош Лолахонов, навбатддори шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, хуруҷи беморӣ бар асари бориши зиёди барф ва сармои бесобиқа яке аз фарзияҳои аслии марги ин зан мебошад. «Ин зан сокини шаҳри Қӯрғонтеппа нест. Тахмин меравад, ки вай бемор будааст ва нимашаб, вақте барф якбора ба бориш омад, дар кӯча хобаш бурд ва шояд аз таъсири сармозадагӣ бемориаш авҷ гирифта, реҳлат кард»,-афзуд манбаъ.

​​Сармои қаҳратун кори нақлиёти ҷамъиятиро низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он бо мушкил мувоҷеҳ кард. Аз субҳ одамони зиёде дар терминалу истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии байниноҳиявӣ дар интизори мошин меистанд. Бо таваҷҷуҳ ба камбуди мошинҳои мусофирбар, қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, асосан таксиҳо, якбора аз 100 то 150 фоиз боло рафт. Дар терминали Қӯрғонтеппа таксиҳо барои расидан то шаҳри Кӯлоб аз ҳар мусофир 100 сомонӣ талаб мекунанд, то расидан ба Душанбе ва ноҳияи Ҷилликӯл камаш аз 40 то 50 сомонӣ.

Ҳамчунин ба иттилои Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон, «аз шаби рӯзи гузашта дар ағбаҳои Фахробод, Сарбанд ва Султонободи ноҳияи Ёвон гуруҳҳои махсуси нозирони БДА бехатарии ҳаракати мошинҳоро назорат мебаранд, то ки садамаҳои нақлиётӣ рӯй надода, қум ва намак ба хотири об кардани барф мунтазам дар роҳ пошида шавад». Ҷаноби Давлатов афзуд, то ҳол дар мавриди рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави вилояти Хатлон хабар нарасидааст.

​​Аммо шоҳидони ҳол мегӯянд, дар роҳи Қӯрғонтеппа-Бохтар ва шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе якчанд ҳодисаи чаппа ва ё роҳ берун шудани мошинҳоро мушоҳида кардаанд. Ба иттилои Идораи хоҷагии роҳи минтақаи Қӯрғонтеппа, феълан дар се ағбаи бузурги вилоят ҷамъан қариб 20 адад мошини махсуси барфрӯб ба поккории ҷодаҳо аз барф андармон аст. «Ба хотири таъмини бехабарии ҳаракат дар роҳ мо кормандонро дар ағбаҳо нигоҳ доштем, онҳоро бо ғизои севақта ва либоси гарм таъмин намудем. Техникаҳо низ бо маводи сӯхт таъмин буда, сари коранд»,-гуфт Баҳрулло Нуруллоев, сардори идораи хоҷагии роҳи минтақаи Қӯрғонтеппа.

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимистони гузашта низ дар шаҳри Қӯронтеппа маъмурони пулис ҷасади ду фарди бехонаву ҷойро пайдо кардаанд, ки сокинони рустабор буда, бар асари майхорагӣ ва сармохӯрдагӣ фавтидаанд. Милисаи шаҳри Қӯронтеппа аз рӯ ба афзоиш ниҳодани теъдоди ба истилоҳ «бомж»-ҳо ё афроди беманзил изҳори нигаронӣ мекунад. Дар ин шаҳр аз ҷониби ШВКД ҳудуди 30 нафар ҳамчун фарди беманзилу ҷойхоб ё «бомж» расман номнавис шудааст.

​​Як масъули милисаи маҳаллӣ гуфт, дар Қӯронтеппа ягон таҳвилгоҳи махсусе вуҷуд надорад, бинобар ин, афроди беманзилу сарпаноҳ аз хиёбонҳо ба шӯъбаи милиса оварда шуда, пас аз як шабонарӯзи нигоҳдорӣ ва аз мадҳушӣ ба худ омаданашон дубора ҷавоб дода мешаванд. ​​​​Бо фаро расидани зимистон ҳодисаҳои сармозадагӣ ва ҳалокати афроди беманзилу ҷой, ки дар миёни ҷомеа чун “бомж” маъруфанд, рӯ ба афзоиш мениҳад. Чунин ҳодисаҳо ба мушкили умда табдил шуда ва созмонҳои ҷамъиятӣ ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз афроди бекасу кӯй ба сурати лозим муроқибат намекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi