11:12:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУТТАҲАМ ДАР САДАМАИ ИСКАНДАРИ ФИРӮЗ 3 СОЛУ 3 МОҲ ГИРИФТ

Додгоҳи ноҳияи Сино Насрулло Шарифов, муттаҳам дар садамаи Искандари Фирӯзро се солу се моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Имрӯз, 18-уми декабр, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нафари муттаҳам дар садамаи нақлиётии Искандари Фирӯз, хабарнигори BBC-ро аз рӯи моддаи 212-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идораи воситаи нақлиёт) гунаҳкор дониста, ба 3 солу 3 моҳ маҳкум кард.

/images/stories/2012/12/18_muttaham-181212.jpgБар илова, додрас Исмоил Давлатов гуфт, Насрулло Шарифов, нафари муҷрим, тӯли се сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудааст. Тибқи қарори додгоҳ Шарифов ҷазоро дар колонияи сукунатӣ дар ноҳияи Ваҳдат адо хоҳад кард. Насрулло Шарифоф, сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки соҳиби се фарзанд буда, бекор аст, худро дар садамаи нақлиётии Искандари Фирӯз гунаҳкор донист ва алайҳи ҳукми додгоҳ низ ҳарфе нагуфт.

Ин дар ҳолест, ки Наталя Шарифова, яке аз вакилони мудофеи Искандари Фирӯз, аз додгоҳ хост, барои нафари таҳти ҳимояташ беш аз 90 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷуброни зарар пардохта шавад. Ба қавли хонум Шарифова, то ҳол барои давову дармони Искандари Фирӯз беш аз 72 ҳазор сомонӣ сарф шуда, зараре, ки ба худрав ё мошини Искандари Фирӯз расидааст бист ҳазор сомонӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ ба 93 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Ин вакили мудофеъ ҳамчунин гуфт, тайи се моҳе, ки аз садама мегузарад, нафари муҷрим ва хонаводаи ӯ боре ҳам ба назди хешовандони Искандари Фирӯз наомада, маъзарат нахостаанд.

Искандари Фирӯз шаби 9-уми октябри соли ҷорӣ ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло буд. Баъд аз он ки Искандари Фирӯз ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино оварданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғоз гуфтанд, ки дар ин қазия Айёмиддин Раҳмиддинзода муттаҳам аст. Баъдан, онҳо номи Насрулло Шарифовро баён доштанд, ки бидуни ваколатнома, худрави Айёмиддинро идора мекард ва ба садама дучор шуд. Нуктае, ки додгоҳи ноҳияи Сино тасдиқ кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi