06:05:28 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН АЗ ЧИН ХОСТ, ШОҲРОҲИ ҚУЛМАРО БОЗ ГУЗОРАД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, Чин эълом кардааст, ки аз 30-юми ноябр гузаргоҳи Қулма Қарасуро мебандад. Тоҷикистон ба мақомоти Чин пешниҳод кардааст, ки дар фасли зимистон шоҳроҳи Қулма Қарасуро боз монанд. Шоҳроҳи Қулма Қарасу ягона шоҳроҳест, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, аммо мақомоти Чин бинобар барфборӣ ва сардиҳои зимистон пешниҳод кардаанд, ки дар ин фасл равуо масдуд карда шавад.

/images/stories/2012/11/29_doroga-291112.jpgХудоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 29-уми ноябр ба мо гуфт, ҳоло як ҳайати вилояти Бадахшон таҳти сарварии муовини раиси вилоят ба Чин сафар кардаанд. Ба қавли ӯ, ин ҳайат масъалаи баста нашудани шоҳроҳ дар фасли зимистонро бо мақомоти дахлдори Чин баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷаноби Худоёров афзуд, миёни Чину Тоҷикистон дар соли гузашта як созишнома ба имзо расид, ки тибқи он ҳаракат дар ин шоҳроҳ доимоамалкунанда эълон карда шуд. Ӯ мегӯяд, беш аз 80 дарсади молу колое, ки аз Чин вориди бозорҳои Тоҷикистон мешаванд, аз шоҳроҳи Қулма Қарасу меояд.

Қаблан дар мулоқоте, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон бо сафири Чин дар Душанбе дошт, яке аз мавзӯъҳои суҳбат масъалаи масдуд нашудани шоҳроҳи Қулма Қарасӯ буд. Худоёр Худоёров муовини вазири нақлиёт гуфт, дар сурати масдуд шудани ин шоҳроҳ мошинҳои Тоҷикистон маҷбур хоҳанд шуд, аз тариқи Қирғизистон равуо кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҷодаи Қулма Қарасу ягона роҳест, ки бидуни кишвари севум Тоҷикистону Чинро пайванд медиҳад. Гузашта аз ин, дар оғози моҳи ноябр гумрукчиёни қирғиз рафтуомади мошинҳо миёни Тоҷикистону Чин тавассути гузаргоҳи "Қарамиқ"-ро манъ карданд.

Баҳрабардорӣ аз шоҳроҳи Қулма Қарасу моҳи майи соли 2004 оғоз шуда буд. Ин шоҳроҳ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ва аз ҷониби ширкати роҳсозии туркии "MTS" бунёд ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi