14:19:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗРАСИИ ПАРВАНДАИ ҚАТЛИ ДОМОДИ ПРЕЗИДЕНТ ТАМДИД ЁФТ

Мӯҳлати бозрасии парвандаи нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров то оғози соли оянда дароз карда шудааст. Мӯҳлати бозрасии парвандаи нафари мазнун (гумонбар) дар куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири Идораи хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳури ин кишвар, то 12-уми январ тамдид шудааст.

/images/stories/2012/11/14_kh.safarov-141112.jpgҶамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи бозрасони ин қазия, роҷеъ ба иллати тамдиди мӯҳлати боздошти Диловаршо Қосимов - шахси муттаҳам дар ин куштор чизе гуфтан нахост. Танҳо гуфт, ки баъд аз анҷоми тафтиш метавонад дар ин бора маълумот диҳад.

Аммо ин бори севум аст, ки замони боздошти нафари гумонбар дар ин ҳодиса ва ҳамин тавр таҳқиқи куштори мазкур аз ҷониби додситонӣ тамдид мешавад. Вакили мудофеи ҷаноби Қосимов мегӯяд, тафтишот то ҳанӯз ҳама ҷузъиёт ва далелҳои ҳодисаро натавонистааст, ошкор кунад. Бар илова, ба тасдиқи Юсуфҷон Бозорбоев, ки санади тамдиди замони боздошти Диловаршо Қосимов рӯзи 12-уми ноябр дар ҳузури ӯ ба имзо расидааст, ин гумонбар даст доштани худ дар ин кушторро рад кардааст.

"Ман гуфт ӯ, ин корро накардаам. Вале агар дар мӯҳлати пешбинишуда тафтишот поён наёфт, онро метавонанд дароз намоянд. Аммо ин кор маҳдудият дорад, беохир дароз кардан намегиранд",-мегӯяд Бозорбоев.

Холмӯъмин Сафаров 13-уми июни соли ҷорӣ дар наздикии манзилаш, дар маҳаллаи Автовокзали Душанбе, кушта шуд. Ин куштор аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Мақомоти пулис дуруст як моҳ баъд аз ин ҳодиса аз боздошти гумонбари асосӣ, яъне Диловаршо Қосимов хабар доданд. Барои ифшои ин куштор маъмурони пулис ҷоизаҳои аз қабл эълоншуда аз ҷумла манзили дуҳуҷрагӣ ва 50 ҳазор сомониро ҳам соҳиб шуданд.

Саидхон Ҷӯрахонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҷоизаҳоро кормандони ниҳодҳои мазкур барои ошкор кардани омили куштор ва босамар анҷом додани тафтиш дарёфт кардаанд: "Барои комилан дастгир кардани ҷинояткор, гуноҳи вайро дайн кардан, олоти содиркардаи ҷиноятро дастрас кардан ва вобаста ба корҳои фаъолияти хидматиашон онҳо мукофотонида шуданд."

Ҳамакнун бо гузашти чаҳор моҳ аз гирифтани ин ҷоизаҳо аз тарафи мақомот ва дайн кардани гуноҳи шахси гумонбар ва ошкор шудани олоти куштор чаро бозрасии ин қазия анҷом намеёбад? Ин суолест, ки ҳоло дар миёни мардум низ мечархад ва посух мехоҳад. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки тафтишот ба бунбаст мувоҷеҳ шудааст.

Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ду масъала - яке инкори амали куштор аз тарафи шахси гумонбар ва дувум ангезаи ин куштор бозрасиро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ҳатто дар сурати ҷабран бор кардани ин иттиҳом масъала бармеояд, ки дар додгоҳ ӯ чӣ хоҳад гуфт. Бархе расонаҳо бо такя ба манобеи огоҳ ҳадс мезананд, ки куштори Холмӯъмин Сафаров дар заминаи як баҳси молӣ рух додааст ва ҷаноби Зоиров мегӯяд, шояд дар мурофиа масъалаи фасоду ришват дар сатҳи болои ҳукумат ва иртиботи наздикони нафари аввал ба он ва фурӯши мансабҳо бар ивази пул ҳам ошкор шавад, ки метавонад барои худи тафтишот мушкил эҷод кунад.

Ӯ мегӯяд, "вақте гумонбар дар мурофиаи додгоҳӣ агар иқрор шуд, бояд бигӯяд, ки чанд пул дод. Яъне, инҷо маълум мешавад, ки одамони наздики ҳокимияти давлатӣ, язнаи президент ба ин гурӯҳ дохил мешавад, ки онҳо пурра ба муносибатҳои коррупсионӣ ғӯтавор шудаанд."

Ин дар ҳолест, ки ба тасдиқи наздикони Диловаршо Қосимов, дар ин ду моҳи ахир шароити ӯ дар боздоштгоҳ сахттар шуда ва ҳеҷ нафар аз бастагони ӯ ҳатто зану фарзандашро иҷозаи дидор намедиҳанд. Диловаршо Қосимов, дар гузашта корманди кони тиллои Шугнов буда, то замони боздошт ба тиҷорат машғул будааст. Додситонии кулли Тоҷикистон аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 105 (куштор) ва 195 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) ӯро ба ҷавобгарӣ кашидааст. Моддаи терроризм, ки дар гузашта аз сӯи тафтишот эълон шуда буд, ахиран ба далели набудани далелҳои мӯътамад, аз ин парванда ҳазф (берун) шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi