04:21:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

МОДАРИ ҚОРӢ ВОСИТ МЕГӮЯД, ПИСАРАШ ДАР ДУШАНБЕСТ

Латофат Имомова, модари Абдувосит Латифов, мегӯяд, ки мақомоти тоҷик писарашро аз Русия ба Душанбе овардаанд.

/images/stories/2012/10/28_modari-qori-vosit-281012.jpgЛатофат Имомова, модари Абдувосит Латифов, рӯзи ҷумъаи 26-уми октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, ки писараш феълан дар Душанбест. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шуд, Абдувосит (Қорӣ Восит) рӯзи чаҳоршанбе, 24-уми октябр, аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Хонум Латофат мегӯяд, аз мақомоти интизомии кишвар дархост дорад, ки писарашро латту кӯб накунанд ва агар ӯ гуноҳе дошта бошад, бояд дар назди қонун ва дар толори додгоҳ ҷавоб гӯяд. Модари Қорӣ Восит меафзояд, бояд вакили дифоъ (адвокат) гирифта, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ тақозо кунад, ки писарашро ба ӯ нишон диҳанд.

Дар хусуси ин ки чӣ гуна Абдувосит ба Тоҷикистон оварда шудааст, хонум Латофат аз қавли ҳамроҳони писараш дар Волгоград нақл кард, ки шаби 20-уми октябр як гурӯҳ афроди ниқобпӯш ба ҳуҷраи Абдувосит ва наздиконаш даромада, баъд аз  латту кӯб Абдувоситро "дуздидаанд".

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Нӯъмонов, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз қабл ба мо гуфт, хабари нопадид ва гӯиё ба Тоҷикистон интиқол ёфтани Абдувосит Латифов воқеият надорад. Ҷаноби Нӯъмонов мегӯяд, дар ҳоле ки истирдоди гумонбарон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистонро ниҳоди зери роҳбарияш анҷом медиҳад, шахсан ӯ аз чунин ҳодиса бехабар аст.

Вале як манбаи дигари мӯътамад дар Вазорати умури дохилӣ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба мо гуфта буд, ки Қорӣ Восит дар  Душанбе буда, дар боздоштгоҳи махсуси воқеъ дар назди бинои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, мақомот талош доранд, ки аз интиқоли ӯ аслан хабаре пахш нашавад.

Абдувосит Латифов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки солҳои охир дар Русия кору зиндагӣ мекард, соли 2010-ум бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд. Ӯро мақомоти Тоҷикистон дар ҷиноятҳои сангине чун ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва қатлу террор муттаҳам медонанд.

Аммо 15-уми октябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Волгоград Латифовро бо шарти набаромадан аз қаламрави шаҳр озод карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi