03:11:40 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

И.ШАРИФОВ: "ЯГОН ХЕШИ МАН ДАР ЗИНДОНҲО КОР НАМЕКУНАД"

Масъулони Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои маҳбуси собиқ Сайдалӣ Казаковро бепоя хонданд. Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои Сайдалӣ Казаков, собиқ маҳбуси зиндони рақами яки пойтахтро беасос дониста, онро як навъ вокуниш ба сахттар шудани тартибу низом дар муасиссаҳои ислоҳии кишвар меноманд.

/images/stories/2012/10/11_izzatullo-sharifov-111012.jpgИн дар ҳолест, ки ҷаноби Казаков, ки ҳамагӣ се рӯз пеш аз маҳбас раҳо шудааст, мегӯяд, дар муддати 7 солу 7 моҳе, ки дар зиндон будааст, шоҳиди бевоситаи озори бераҳмонаи маҳбусон гашта, худи ӯ низ осори захми чунин шиканҷаро дар сар ва баданаш дорад.

Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо мо дар робита ба иддаои ин маҳбус  гуфт, "онҳо қонуншикананд ва нозирони маҳбас дар доираи қонун тартибу низомро талаб мекунанд. Барои ҳамин ҳам, ба онҳо ин маъқул нест. Зеро агар кормандони маҳбас аз шиканҷаву озор кор бигиранд, мо махсус хадамоти бехатарӣ дорем ва нисбат ба онҳо чора андешида, ҳатто аз кор ҳам меронем. Ҳамчунин, фишангҳои махсус дорем, ки тариқи онҳо таъсир мерасонем. Ҳайронам, чаро дигар маҳбусон дар ин бора шикоят накардаанду махсус Казаков?"

​​Аммо Сайдалӣ Казаков мегӯяд, ҳимояти раҳбарият аз бадрафтории нозирони маҳбас ва беҷазо мондани онҳо ҳатто пас аз ҳалокати маҳбусон дар дохили зиндон сабаб шудааст, ки ӯ рӯ ба воситаҳои ахбори ом оварад ва бадрафториҳо дар маҳбасро ба гӯши ҷомеа ва сарвари давлат расонад. Ӯ меафзояд, нозирони зиндон бо истифода аз номи президент ва генерал Иззаттуло Шарифов  маҳбусонро шиканҷа медиҳанд.

Сайдалӣ гуфт, "онҳо ба маҳбусоне, ки мехоҳанд аз ҳақуқашон дифоъ кунанд, мегӯянд, агар Шумо одам медоштед, аз сари суд озод мешудед. Агар Шумо муред ҳам, мурдаатон 25 дирам арзиш дорад, чун прокурор ҳам нафари мост. Ё мегӯянд, ман аз Данғара ҳастам ва ҷияни Иззаттуло Шарифов ва ҷаноб ҳам аз ҷои мост. Мо намедонем, то куҷо худи Изаттулло Шарифов ва ҳам президенти кишвар аз ин бадрафториҳо хабар доранд."

Дар ин мавзӯъ: МАҲБУСИ СОБИҚ МЕХОҲАД, АСРОРИ ЗИНДОНҲОРО ФОШ КУНАД

Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi