03:20:22 27-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАШРАБОВ: '50 ДАРСАД АЗ БАХШИ ХАРОБШУДАИ "КОРВОН" БОЗСОЗӢ ШУД'

Молики бозори "Корвон" мегӯяд, ки 50 дар сади корҳои бозсозӣ дар бахши умдафурӯшии ин бозор, ки дар оташсӯзии 6 сентябр хароб шуд, ба анҷом расидааст.

/images/stories/2012/09/19_karvan-190912.jpgБа гуфтаи ӯ, дар бунёди муҷаддади мағозаҳо ва дуконҳои ин бахши бозор ҳудуди 600 нафар аз мутахассисон ва сохтмончиён фаъъолият доранд. Нуршед Машрабов, муассис ва молики аслии бозори "Корвон", рӯзи сешанбеи 18 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз имрӯз корҳои сохтмонӣ дар ин бозор ба таври шабонарӯзӣ анҷом хоҳад шуд.

Оқои Машрабов афзуд: "Бунёди бозор таҳти назорати масъулони шаҳрдории Душанбе ва кормандони ибораи умури оташнишонии ин шаҳр анҷом мешавад. Мо то имрӯз то соъати 12:00-и шаб кор мекардем, аммо аз имрӯз ба таври шабонарӯзӣ кор мекунему дар тӯли камтар аз як моҳ ин қисмати бозор дубора фаъъол хоҳад шуд."

Ба гуфтаи ин масъули бозор, онҳо барои фаъъолияти шабонарӯзии сохтмончиён васоили рушноиро насб кардаанд.

Оташсӯзиҳои бозор

Бозори "Корвон", ки аз бузургтарин бозорҳои Тоҷикистон аст, барои ҳазорон хонавода дар ин кишвари фақрзадаи Осиёи Марказӣ маҳалли кор ва дарёфти рӯзӣ маҳсуб мешавад.

Дар солҳои ахир дар қаламрави ин бозор дастикам панҷ бор ҳодисаи оташсӯзӣ рух дода ва оташсӯзии ахир бузургтарини ин ҳаводис буд, ки бар асари он ду ҳазор тоҷир ва дукондор дороиҳои худро аз даст доданд.

Ин оташсӯзӣ рӯзи 6 сентябр, соъати 18:00 ба вақти маҳаллӣ, рух дод ва то субҳи рӯзи дигар бахши аъзаме аз дуконҳои маҳалли умдафурӯшии ин бозор комилан хароб шуд.

Масъулони бозори "Корвон" барои тоҷироне, ки дуконҳояшон бар асари оташсӯзӣ аз миён рафт, макони вижаеро барои тиҷорат ихтисос додаанд. Бисёре аз тоҷирон, ки баъд аз оташсӯзӣ бедукон монданд, дар ин макон машғули тиҷорат ҳастанд.

Зебуниссо Маҷидова яке аз ин тоҷирон аст, ки мегӯяд дар оташсӯзии бозори "Корвон" беш аз 9 ҳазор колояш ба коми ҳариқ рафтааст. Вай аз раванди бозсозии бозор хушнуд ба назар мерасад.

Хонуми Маҷидова мегӯяд, ки ӯ танҳо ноновари хона буда ва чаҳор фарзанду шавҳари маризаш барои дарёфти даромад ва таъмини ниёзмандиҳои рӯзгор дастнигари вай ҳастанд.

Вай афзуд: "Ҳоло дар рӯбарӯи бозори сӯхта ба мо маконеро барои тиҷорат ба таври муввақат ҷудо кардаанд, ки ду рӯз боз дар он ҷо машғули тиҷорат ҳастем."

Ин зани тоҷир мегӯяд, ки маблағ барои тиҷоратро аз бонке вом гирифта ва акнун мутмаин нест, ки метавонад маблағи кофӣ барои таъмини ниёзҳои рӯзгорашро аз тиҷорат дарбиёрад. Ӯ мегӯяд, ки то чанд соли дигар барои бозпардохти қарз кор хоҳад кард.

Хайрулло Қаҳҳоров, тоҷири дигари зиёндида аз оташсӯзии бозори "Корвон", мегӯяд, ки бо як гурӯҳи дукондорон, ки шаш нафар шомили он буданд, дар бозор фаъъолият мекард.

Вай афзуд: "Мо ҳама дуконҳо доштем ва дар оташсӯзӣ ба маблағи беш аз 120 ҳазор дулор зиён дидем. Ҳоло дар фикри он ҳастем, ки чи тавр ин ҳамаро ҷуброн кунем ва қарзҳоямонро ҳамзамон супорем."

Ҳавзҳои алайҳи оташсӯзии бозор

Бо таваҷҷуҳ ба оташсӯзиҳои зиёд дар бозори "Корвон" ва зарурати таъмини шароити эманӣ дар оянда, дар ҷустӯҷӯйи васоили оташнишонӣ ба қисмати шимолии ин бозор рафтам.

Аз гуфтугӯ бо бисёре аз тоҷирони ин қисмати бозори "Корвон" дарёфтам, ки бештари дукондорон макони васоили вижаи оташнишонӣ ва ҳавзҳоеро, ки барои оташсӯзиҳои эҳтимолӣ дар амокини таҷаммӯъи зиёди мардум бунёд мешаванд, намедонистанд.

Афзун бар ин, яке аз чунин ҳавзҳо дар қисмати шимолии ин бозор бо симон рупӯш шуда буд ва дар болои он дуконе сохта шудааст.

Як тоҷири солманди ин бозор гуфт, ки дар гузашта дар ин ҷо ҳавзи вижаи зидди оташсӯзӣ мавҷуд буд, вале баъд аз афтодани як кӯдак ба ин ҳавз онро бо симон рӯйпӯш кардаанд.

Аз сӯйи дигар, иддае аз афроди огоҳ мегӯянд, ки масъулони бозор барои ба даст овардани сармояи бештар дар макони ҳавзҳо дуконҳое бунёд карда ва ба тоҷирон фурӯхтаанд.

Дуконҳои ин қисмати бозор ба ҳамдигар наздик буданд ва чунин ба назар мерасид, ки дар сурати рух додани оташсӯзӣ, шӯълаи оташ ба осонӣ аз як дукон ба дукони дигар гузашта ва имкон дорад мунҷар ба рух додани фоҷеъаи дигаре шавад.

Нуршед Машрабов ба ин суол, ки оё дар қисмати тозабунёди бозори "Корвон" бунёди муассисаи зидди оташсӯзӣ ва ҳавзҳо дар назар аст ё хайр, чунин посух дод: "Мо дар ин қисмати бозор се ҳавзи вижаро бунёд карда ва оби онҳоро ба таври ҳамешагӣ таъмин мекунем. Ҳамчунин, бунёди ҳавзҳо дар қисматҳои дигари бозори "Корвон" низ дар назар аст."

Оқои Машрабов дар рӯзи оташсӯзӣ дар як нишасти матбӯъотӣ гуфта буд, ки эҳтимоли амдӣ будани оташсӯзии ахир дар ин бозорро баъид намедонад. Чанд рӯз баъд масъулони ин бозор барои ошкор сохтани омилони оташсӯзӣ ҷоизае ба маблағи 30 ҳазор дулор эълом карданд.

Бо ин вуҷуд, то ҳол дар мавриди натоиҷи таҳқиқи ҳодисаи оташсӯзӣ дар ин бозор иттилоъе пахш нашудааст. Ҳарчанд интизор меравад масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон, ки таҳқиқи ин парвандаро бар уҳда доранд, фардо натиҷаи таҳқиқро эълом кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi