14:32:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ИТТИФОҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН: ШАҲРВАНДОН ҲАҚИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ ОБИ НАГИРИФТА ДОРАНД

Масъулини Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯянд, тибқи моддаи 6-и қонун «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолгарон», шаҳрванд танҳо ҳаққи молу хизматрасониҳо, аз ҷумла оберо мепардозад, ки воқеан гирифтаст.

/images/stories/2012/09/17_problema-170912.jpgБа иттиллои манбаъ, нагирифтани обро бояд худи истифодабарандагони об исбот намоянд: «Одатан аз ошиёнаи сеюм болотар мардуми шаҳр об намегиранд. Дар ин ҳолат, истиқоматкунандагон бояд ҷамъ шуда, як санад тартиб диҳанд, ки аз санаи фалон об надоранд ва имзо намуда ,ба корхонаи «Обу коррезию шаҳри Душанбе» равон намоянд. Ин ҳуҷҷат далели истеъмолгарон хоҳад шуд, ки воқеан об нагирифтаанд».

Дар мавриди он, ки баъзе шаҳрвандонро қарздор гуфта, аз онҳо барои 5 – 6 соли охир ҳаққи обро ситонданӣ мешаванд, масъулини Иттифоқи истеъмолгарон иброз медоранд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон мӯҳлати даъво 3 сол аст ва тибқи моддаи 221 –и Кодекси гражданӣ бояд дар таи се сол хизматрасонанда қарзашро талаб намуда,  рӯёнад. Пас аз ин ҳаққи даъво надорад.

Дар сурати танҳо шабона омадани об, масъули Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, мегӯянд, бояд танҳо нисфи маблағ гирифта шавад. Дар сурати якдигарнофаҳмӣ дар мавриди ҳаҷми оби истифодашуда, шаҳрвандон ҳақ доранд насби ҳисобкунакҳои обиро тақозо намоянд.

Масъулини Иттифоқи истеъмолгарон мегӯянд, насби дастгоҳҳои ҳисобкунӣ, ӯҳдадории ниҳоди хизматрасон аст. Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, бисёре аз сокинони пойтахт бо оби нӯшокии тоза таъмин нестанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» тасмим гирифтааст, ки то соли 2018 тамоми сокинони пойтахтро бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин кунад. Муҳиддин Ҳасанов, мудири шӯъбаи истифодабарӣ ва таъмири обҳисобкунакҳои КВД «Обу корези шаҳри Душанбе», иброз медорад, ки то кунун теъдоди ҳисобкунакҳои обие, ки дар пойтахт насб шудааст, ҳудуди беш аз 9 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ҳамагӣ 5 фоизро дар бар мегирад: «Имсол аз рӯи барнома қарор аст, ки 76 ҳазор донаи дигар ҳисобкунакҳои обӣ насб гардад. Ин тарҳ бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ иҷро мегардад ва ба ғайр аз мардум, корхонаҳову ташкилотҳҳо ҳам бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин хоҳанд шуд».

Номбурда мегӯяд, бо ин кор, яъне насби ҳисобкунакҳои обӣ ҳаҷми дақиқи истифодаи об аз тарафи сокинон мушаххас мегардад. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик насби ҳисобкунакҳои обиро саривақтӣ намешуморад ва таъкид мекунад, ки аввал бояд сокинони пойтахтро бо оби ошомиданӣ таъмин кард ва баъд ҳисобкунак насб кард:

«Дар шаҳри Душанбе на ҳамаи мардум об доранд ва бештари аҳолии пойтахт аз рӯи соат об дарёфт мекунанд. Чунончи биноҳои 9 то 12 ошёна дар як шабонарӯз 8 - 10 соат об мегиранд. Ҳисобкунакҳо барои сокиноне, ки дар як шабонарӯз танҳо 8 соат об мегиранд хуб аст, зеро дар ҳоли ҳозир онҳо 8 соат об гирифта бо вуҷуди ин мисли дигар аҳолии пойтахт пули 24 соат оби масраф накардаашонро пардохт мекунанд».

Ба гуфтаи номбурда, барои рафъи ин нобаробарӣ дар масарафи об, қонун ё барномае вуҷуд надорад ва насби ҳисобкунакҳо метавонад ин мушкилро бартараф намояд агар, нозирони об  пулро ба киса назананду онро ба хазинаи давлат супоранд. Аксари коршиносон ба ин назаранд, ки сатҳи хидматрасонӣ дар бахши об дар ҳолати хубе қарор надорад. Ба андешаи Зулфиқори Исмоилиён, дар сурати таркидан ё сурох гардидани лулаҳои оби шаҳрвандон, масъулини «Водаканал» ба мардум мегӯянд, ки шумо пул ҷамъ кунед то мо омада мушкили шуморо бар тараф кунем. Яъне дар аксари ҳолатҳо сокинон худ пул ҷамъ карда ба таъмири лулаҳо ё рафъи дигар мушкилоташон машғул мешаванд.

Хуршед Азизов, истиқоматкунандаи минтақаи Зарафшон, ки дар ошёна 7-ум зиндагӣ мекунад, дар хусуси набуди об мегӯяд: «мо обро бо насос боло мекашем ва дар як рӯз танҳо 9 соат об дорему халос.  Бештари вақтҳо фарқ  надорад, ки тобистон аст ё зимистон, об ба хонаи мо бо фишори хеле каме мебарояд. Ҳолате мешвад об намеояд. Бо вуҷуди  ин ҳама мушкилот мисли дигарон пули обро ба таври муназзам пардохт мекунем". Созмонҳои байналмилалӣ сатҳи таъмини аҳолии Тоҷикистонро бо оби тозаи нушокӣ дар қиёс бо аҳолии дигар кишварҳо дар сатҳи хеле  поин унвон менамоянд.

Тибқи омори созмони ҷаҳонии беҳдошт, 42 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ маҳрӯм буда, бештари деҳаҳои кишвар ба оби нушокӣ дастрасӣ надоранд ва танҳо 20 фоизи аҳолӣ ба шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ пайвастанд. Бино ба гузориши СММ, дастрасии мардуми Тоҷикистон ба об маҳдуд буда танҳо дар як шабонарӯз 4 то 15 соат оби ошомиданӣ ба мардум дода мешаваду халос.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi