23:08:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҶҲИЗОТ БАРОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ МУШТАРАК 'БЕРУНИ ДАР' МОНДААСТ

Эрон барои роҳандозии телевизиони муштараки форсизабон таҷҳизотеро ба Тоҷикистон ворид карда, вале ин таҷҳизот муддатест, ки ба далели напардохтани аворизи гумрукӣ 'беруни дар' муъаллақ мондааст. Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон барои ворид кардани ин таҷҳизот, ки қиматаш ду милюн юру аст, пардохти 400 ҳазор дулор аворизи гумрукиро тақозо кардааст.

/images/stories/2012/09/12_tv_studio_camera_120912.jpgВале, ба гуфтаи як манбаъи эронӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, ин таҷҳизот бар пояи қарордоде байнидавлатӣ ворид карда мешавад ва аз пардохти аворизи гумрукӣ муъоф аст. Ва агар ин мушкил ҳалли худро наёбад, ҷониби Эрон ин таҷҳизотро ба кишвари худ бармегардонад.

Ин таҷҳизот умдатан аз дурбинҳои филмбардорӣ, дастгоҳҳои вижаи телевизиюн ва системи рӯшноӣ иборат аст. Гуфта мешавад, ки ин таҷҳизоти тавлиди Олмон аст.

Баъд аз ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон, қарор аст ин таҷҳизот аз сӯйи мутахассисини олмонӣ насб шуда ва онҳо бояд ба кормандони шабакаи телевизиони муштараки форсизабонҳо наҳваи кор бо онҳоро биёмӯзанд.

Дар ҳамин ҳол, Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, дар бораи ин таҷҳизот изҳори беиттилоъӣ кард. Вале вай афзуд, ки барои гузарондани ҳар навъ коло аз марзи Тоҷикистон бояд аворизи гумрукӣ пардохта шавад.

Вай афзуд: "Вале, мавориде ҳастанд, ки давлати Тоҷикистон бо тасвиби асноде ворид сохтани бархе аз колоҳоро аз пардохти аворизи гумрукӣ озод мекунад. Ҳоло ман иттилоъи дақиқе дар даст надорам, ки барои воридоти ин таҷҳизот имтиёзе вуҷуд дорад ё на."

Дар ҳоле ки манобеъи огоҳ мегӯянд таҷҳизоти ворида барои телевизиони муштарак дар фурӯдгоҳи Душанбе гир мондааст, аммо дафтари матбӯъотии Идораи гумрук ин хабарро такзиб кард. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ин таҷҳизот шояд дар анбори яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бошад.

Зимнан, манбаъи эронӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар гузашта барои роҳандозии истудиюҳои телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ҳудуди сӣ маҳмула (контейнер) бо таҷҳизоти зарурӣ ва бидуни пардохти аворизи гумрукӣ вориди Тоҷикистон шуда буд.

Вай хабар дод, ки масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни ин қазия ҳастанд ва қавл додаанд, ки ба ин мушкил расидагӣ хоҳанд кард.

Тарҳи таъсиси чунин як шабакаи телевизиюнӣ дар дидори руасои ҷумҳурии се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон, дар соли 2006 дар Душанбе матраҳ шуда буд.

Тибқи тавофуқоти се ҷониб, ҳазинаи фаъъолияти ин телевизиюнро Эрон ба уҳда гирифтааст. Тоҷикистон барои ин шабака бино ва имконоти дигари фаннӣ фароҳам мекунад. Вале ба далоили мухталиф роҳандозии ин телевизиюн солҳост, ки ба таъвиқ дароварда мешавад.

Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон соли гузашта эълом кард, ки телевизиони муштараки форсизабон дар ин кишвар сабти ном шуда, вале набуди таҷҳизот боъиси таъхир дар оғози фаъъолияти он шудааст.

Дар гузашта ин мавзӯъ низ матраҳ шуда буд, ки Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон дар мавриди роҳандозии телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ихтилофи назар доранд.

Бархе манобеъ гуфта буданд, ки ҷониби Афғонистон мехоҳад ин телевизиюн ба забони пашту низ барнома пахш кунад, зеро "бахши умдаи ҷамъияти ин кишварро паштузабонҳо ташкил медиҳанд."

Аммо Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, соли гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин амр бо аҳдофи телевизиони муштарак созгор нест.

Вай афзуд: "Мо мехоҳем бо забони муштараки байни кишварҳо ва мардумони минтақа, яъне дарию форсию тоҷикӣ, суҳбат кунем. Инҳо масоили қавмиро матраҳ мекунанд, ки мо ақвоми дигаре дорем, ки бояд ба забони онҳо низ аз ин телевизиюн барнома пахш шавад. Хуб, агар ин тур бошад, мо дар Эрон даҳҳо забон дорем, ки ҳар кадом ҷамъияти касири чандмилюнӣ доранд. Масалан, арабу турку курду луру туркман ва ғайра дар Эрон вуҷуд доранд."

Ҳамакнун ба назар мерасад, ки Тоҷикистону Эрон дар сададанд бидуни мушорикати Афғонистон телевизиони муштараки кишварҳои форсизабонро роҳандозӣ кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi