01:51:06 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАХРИБИ МАНЗИЛИ СОКИНОН БАРОИ "ТОҶИКСОДИРОТБОНК"

Се сокини шаҳри Ваҳдат аз таҳдиди мақомоти ин шаҳр ҷиҳати тахриби манзилҳояшон нигаронанд. Мушарафа Шарипова, яке аз се сокини кӯчаи Тӯғдона – 3--и шаҳри Ваҳдат, ки мақомот қасди тахриби манзилҳояшонро доранд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ҳукумати ин шарҳ замини манзили ӯ ва ду ҳамсояашро ба «Тоҷиксодиротбонк» фурӯхтааст.

/images/stories/2012/09/11_khona-vahdat-110912.jpgБар ивази манзилаш ба ин зан, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, ҳукумати Ваҳдат аз канори шаҳр як хонаи дуҳуҷарагиро дар бинои баландошиёна пешниҳод кардаанд, ки ба гуфтаи вай, аз хати об ва канализатсия маҳрум буда, нисфи нархи хонаи кунуниро надоштааст.

Вай афзуд, ки бо панҷ фарзандаш ӯ наметавонад дар як хонаи танги дуҳуҷрагӣ зиндагӣ кунад. Ба гуфтаи хонум Шарифова, нархи бозории манзили вай 60- 65 ҳазор доллар аст ва ӯ аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат бар ивази тахриби манзилаш 40 ҳазор доллар ва ё ба ҳамин пул баробар, манзил талаб кардааст. Аммо мақомот  ин пешниҳоди ӯро рад карда, ду рӯз қабл экскаваторҳоро ҷиҳати тахриб кардани манзилаш фиристандаанд, вале ӯ ва фарзандонаш монеи ин кор шудаанд.

Хонум Шарипова мегӯяд, мақомот атрофии хонаи қонунии ӯро, ки 18 сол дар он ба сар мебарад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи моликияташро дорад, бо панҷара маҳкам кардаанд. Тирамоҳи соли гузашта намояндаҳои ҳукумат омада як қисми боми манзилашро тахриб кардаанд, аммо ин зан бо пули худаш дубора онро барқарор кардааст.

Ҳамчунин хонум Шарипова афзуд, ки «Тоҷиксодиротбонк» маблағи кофӣ барои харидории манзилҳои ӯ ва ҳамсояҳояшоро ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат додааст, аммо мансабдорони ҳукумати шаҳр қисме аз ин маблағҳоро аз худ карда, ба сокинон манзилҳои ба маротиб хурд ва арзонтарро пешниҳод кардаанд.

Тайи солҳои охир мақомоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон борҳо манзили бархе аз сокинонро тахриб карда, бар ивазаш хонаҳои ба маротиб хурд ва арзонтарро пешниҳод кардаанд, ки боиси сар задани норозигии сокинон шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi