13:36:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ: "МЕХОҲАНД БАРОИ ЯК ҶУРМ ДУ БОР МУҲОКИМА КУНАНД"

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон таҳқиқоти вижаеро дар робита бо эҳтимоли озодии ғайриқонунӣ аз зиндонҳо дар чорчӯби иҷрои қонуни афв анҷом додааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, рӯзи ҷумъаи 13 июл ба мо гуфт, ки ин таҳқиқот анҷом ёфта ва чанд мавриди раҳоии ба гуфтаи ӯ ғайриқонунии маҳбусон аз зиндонҳо ошкор шудааст.

/images/stories/2012/07/13_prison_kurgan_130712.jpgОқои Саидов, барои анҷоми коре аҷала дошт, мухтасаран гуфт, ки омори дақиқеро феълан дар даст надорад ва ба ин далел аз ироаи ҷузъиёти ин хабар худдорӣ кард. Бозрасии мавзӯъи озодии ғайриқонунии маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи иҷрои қонуни афве, ки дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли ин кишвар тасвиб шуд, дар посух ба дархостҳои сокинон аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ сурат гирифтааст.

Дар ин дархостҳо аз вуҷуди мавориди эҳтимолии фасод дар заминаи таҳияи асноде, ки дар пайи онҳо маҳбусон аз зиндон озод мешаванд, изҳори нигаронӣ шуда буд. Зимнан, дар авоили соли ҷорӣ бо тасмими Додситонии кулли Тоҷикистон чанд нафар аз маҳбусоне, ки тибқи қонуни афв озод шуда буданд, дубора равонаи зиндон шуданд. Он замон эълом шуда буд, ки ин афрод "иштибоҳан" озод шудаанд.

Вале гуфта мешавад, бархе аз афроде, ки озод шудаанд, базудӣ кишварро тарк карда ва дигар дар дастрас нестанд. Ин амр дар фаъъолияти маъмурони Ожонси мубориза бо фасод, ки ин қазияро таҳқиқ мекунанд, мушкилоте эҷод кардааст. Дар ҳамин ҳол, дар расонаҳои гурӯҳӣ ин мавзӯъ низ матраҳ аст, ки бархе аз афроде, ки бояд дар пайи тасвиби қонуни афв озод мешуданд, ҳамчунон дар зиндонҳо ба сар мебаранд.

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдон ва вакили мудофеъ, мегӯяд, ки Тилавмурод Давлатов, муваккилаш, ки дар гузашта аз фаъъолони "Ҷабҳаи халқ" ё "Фронти халқӣ" маҳсуб мешуд, аз ҷумлаи афродест, ки тӯли нӯҳ моҳ "ба таври ғайриқонунӣ" дар зиндон нигоҳ дошта мешавад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Ёров, Додситонии кулли Тоҷикистон талош дорад, ки муваккили ӯро "дубора барои як ҷурм" ба маҳкама кашад.

Тилавмурод Давлатов соли 2009 дар Русия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон мустарад шуда буд. Додситонӣ оқои Давлатовро ба қатли як сокини ноҳияи Шаҳринав муттаҳам карда буд. Вале ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса бегуноҳии муваккилаш собит шудааст. Аммо додситонӣ оқои Давлатовро ба қатли фарди дигаре дар соли 1997 муттаҳам кардааст.

Оқои Ёров гуфт: "Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ далоиле дар бораи даст доштани муваккилам дар ин ҷурм ироа нашуд. Гузашта аз ин, пайвандони ҷабрдида изҳор доштанд, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд ва оқои Давлатов дар ин ҷурм даст надорад. Вале додгоҳ ӯро барои 15 сол равонаи зиндон кард. Дар пайи шикояти истинофӣ ин ҳукм то ба 12 сол коҳиш дода шуд."

Оқои Ёров афзуд, ки бар асоси моддаҳои қонуни афви соли гузашта муваккилаш мебоист аз зиндон озод шавад, вале маъмурони додситонӣ аз таҳияи асноди оқои Давлатов барои озод шудан сарпечӣ кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров аз номи муваккили худ ба порлумони Тоҷикистон аз ин иқдоми додситонӣ шикоят бурдааст. Сипас, додситонӣ эълом кардааст, ки парвандаи муваккилаш бояд дубора дар додгоҳ муҳокима шавад ва ҳамакнун ин парванда ба Додгоҳи олӣ ироа шудааст.

Оқои Ёров гуфт: "Аслан, ин амр мантиқӣ нест. Тибқи қавонини Тоҷикистон як шахс барои як ҷиноят ду маротиба муҳокима намешавад. Зеро ҳукми додгоҳи қаблӣ ба иҷро даромадааст. Гузашта аз ин, далоили тозае дар бораи ин ҷиноят ошкор нашудааст. Ман намедонам, ки додгоҳ чи гуна баррасии ин қазияро аз сар мегирад..."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi