06:51:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ИҶОЗАТНОМАИ ЧАРХБОЛИ «ТОҶИК ЭЙР» БА НОМИ АФРИҚОИ ҶАНУБИСТ"

Хадамоти амнияти миллии Афғонистон иттиҳомот алайҳи халабонҳои тоҷик дар Кобулро шарҳ дод.

/images/stories/2012/06/29_kobul-afghoniston-290612.jpgЛутфулло Машъал, сухангӯи ин ниҳод ба мо гуфт, дар фурудгоҳи Кобул на ду, балки як чархболи ширкати тоҷикии «Тоҷик Эйр» ба хотири надоштани иҷозаи фаъолият дар Афғонистон ва напардохтани молиёт ва андозҳои лозимӣ таваққуф дода шудаанд. Вай афзуд, иҷозатномаи ин чархбол ба номи Африқои Ҷанубист ва молияву андози таваққуфу боркашонӣ дар Афғонистонро надоштанд.

Оқои Машъал гуфт, ҳоло халабонҳо дар як меҳмонхонаи шаҳри Кобул тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва аз онҳо хуш пазироӣ мешавад, аммо то пардохти молиёт ва андоз ба онҳо иҷозаи хуруҷ аз Тоҷикистон дода намешавад.

Қаблан дар сӯҳбат бо мо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар Афғонистон ду чархболи МИ-8 – и ширкати «Тоҷик Эйр» аз сӯи мақомоти Афғонистон нигоҳ дошта шудаанд ва сабаб баҳси молиявӣ миёни ширкати Supreme Food ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон аст. Аммо масъули ширкати Supreme Food ба Озодӣ гуфт, ки ин ширкат барои фаъолиятҳояш дар Афғонистон молиёт ва андоз намесупорад.

Ширкати Supreme Group мегӯяд, муваззаф нест, ки ба мақомоти Афғонистон андоз супорад. Ин матлабро Сэм Гад, мудири бахши иттилооти ширкат дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар як сӯҳбати телефонӣ  бо мо дар робита бо қазияи халабонҳои тоҷик дар Кобул баён кард.

Сэм Гад: Иттилоъ дар бораи ин, ки 12 халабон боздошт шудаанд, сиҳат надорад. Намояндагони Хадамоти миллии амнияти миллии Афғонистон шиносномаҳои онҳоро мусодира кардаанд.  Supreme бо намояндагони «Тоҷик Эйр» ҳамкорӣ дорад ва барои мулоқотҳои онҳо бо Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон мусоидат кард, то онҳо қазияи нигаронкунандаи халабонҳоро ҳарчи зудтар ҳал кунад.  Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ҳамчунин огоҳонида шудааст, ки барои ҳалли қазия кӯмак кунад ва панҷ шиносномаеро, ки аз тими «Тоҷик Эйр» мусодира кардаанд, гирифта диҳад.  Ҳамчун ҳамкори нерӯҳои низомӣ дар Афғонистон Supreme муваззаф нест, ки барои кораш дар ин кишвар андоз супорад.

-Чанд чархболи Тоҷикистон дар ширкати Шумо кор мекунанд? Оё бо ширкатҳои тоҷикӣ шартнома доред?

-Ду чархболи ширкати «Тоҷик Эйр» барои Supreme Group бар асоси шартнома бо Хадамоти ҳавонавардии Осиёи Марказӣ кор мекунанд, на шартномаи мустақим бо «Тоҷик Эйр».

-Дар бораи ҳамкориҳоятон бо Тоҷикистон чӣ мегӯед?

-Supreme танҳо бо намояндагони «Тоҷик Эйр» ҳамкорӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир, барои ҳалли мушкили халабонҳо мусоидат мекунад. Дар ин маврид бо Сафорати Афғонистон дар Кобул низ ҳамкорӣ дорад.

Айни замон, дар сӯҳбат бо мо Илҳом Қаюмов, яке аз 12 халабони ширкати «Тоҷик Эйр» дар Афғонистон гуфта буд, ки як моҳ ба ин сӯ шиносномаи 5 нафари онҳоро гирифта, ҳамагӣ дар Кобул ба сар мебаранд. Ҷониби асосии қазия – «Тоҷик Эйр» то ба ҳол ба ин қазия вокуниш нишон надодааст.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi