06:53:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САФАРИ ШАҲРВАНДОНИ УЗБАКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН МАҲДУД ШУД

Шаҳрвандони Узбакистон барои он ки ба Тоҷикистон биёянд, аз мақомоти кишварашон иҷозаи расмӣ дарёфт хоҳанд кард. Мақомоти Узбакистон раводид (виза)-и хуруҷ барои сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Тоҷикистону Туркманистонро аз нав эҳё кардаанд.

/images/stories/2012/06/28_shahvandoni-uzbak-280612.jpgИн кор талоше барои камтар намудани сафари узбакистониҳо ба ин ду кишвар арзёбӣ мешавад. Ҳеҷ як аз мақомоти расмии Узбакистон то ҳол сабабҳои ин амалро шарҳ надодааст, вале Узбакистон солҳост, ки бо Тоҷикистон муносибати сарде дорад. Расонаҳои давлатии Узбакистон мегӯянд, дарёфти раводиди хуруҷ барои сафар аз якуми июни соли ҷорӣ ҳатмӣ шудааст.

Дар Узбакистон мисли даврони Шӯравии собиқ бояд барои сафар ба хориҷ иҷозаи мақомоти расмиро бигиранд, аммо ин муқаррарот барои сафар ба кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон лағв шуда буд. Соҳибназарон мегӯянд, иқдоми ахири Тошканд равуои тоҷикону узбакҳоро ба мушкил рӯбарӯ мекунад.

Тоҷикистону Узбакистон агарчӣ ҳамсояи наздиканд, вале солҳо боз бо якдигар муносибати хубе надоранд. Сохтмони Роғун, минакории марз, боздошти "ҷосус"-ҳо, роҳбандон, виза, қатъи интиқоли газ ва ҳифзи муҳити зист аз мушкили умдаи миёни ин ду ҳамсояи наздик аст.

Узбакистон бунёди нерӯгоҳи Роғунро, ки давлати Тоҷикистон онро "ҳаёту мамоти мардуми кишвар" медонад, барои кишварҳои поёноби минтақа хатар донистааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ киштзорҳои Узбакистон беоб хоҳанд монд. Ҳарчанд Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки нерӯгоҳ "обро намехӯрад" ва онҳо заминҳои кишти ҳамсояро низ ташналаб нахоҳанд гузошт.

Узбакистон дар се соли охир роҳи оҳанашро ба рӯи қаторҳои Тоҷикистон низ баста ва дар посух ба шикояти ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки он мушкили фаннист. Душанбе ҳарчанд ин масоилро бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал низ дар миён гузошт, вале посухи мусбате аз сӯи Узбакистон дарёфт накард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi