03:22:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

27 МИЛЛИОН "ҒУЛОМ"-И АСРИ НАВ. АЗ ҚОЧОҚ ТО ТАНФУРӮШӢ

Вазорати умури хориҷии ИМА дар гузориши нав оид ба кочоқи инсон гуфтааст, бадтарин вазъ дар ин замина дар Эрон аст. Муаллифони гузориш рӯи корҳои маҷбурӣ, ғуломии кудакон, кочоқи ҷинсӣ дар сартосари ҷаҳон тамаркуз кардаанд. Бар пояи иттилои онҳо, соли гузашта аз навъҳои гуногуни қочоқ 27 миллион мардону занон ва кӯдакон осеб дидаанд.

/images/stories/2012/06/20_zindagi-200612.jpgМиёни кишварҳои Шӯравии пешин вазъи Гурҷистон беҳтар аст ва он ба феҳристи кишварҳои аввал ворид шудааст. Арманистону Қазоқистон, Қирғизистону Молдова, Босниву Черногория ва Украинаву Тоҷикистон ба гурӯҳи дуввум шомиланд – ба феҳристи кишварҳое, ки барои мубориза бо қочоқи инсон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Муаллифон ба гурӯҳи баъдӣ – “кишварҳои зери назорат” - Эрону Афғонистон, Озарбойҷону Белорус, Узбакистону Туркманистон, Русияву Покистон ва Ироқро дохил карда, ҳушдор додаанд, ки онҳо дар вартаи лағжиш ба гурӯҳи сеюм, яъне, “кишварҳои хатарнок” қарор доранд.

​​Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар маросими муаррифии гузориши нав дар Вошингтон гуфт, “мо тайи як сол ба пешрафти зиёд муваффақ шудаем. 29 кишвар аз зинаи поёнӣ ба зинаҳои болотар баромадаанд. Ин ба он маъност, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо дар ин замина қадамҳои дуруст бардоштаанд. Ин ба он маъност, ки қонунҳо ҷиддитар амалӣ мешаванд, расидагиҳо ва баррасиҳо ҷиддитар мешавад.”

Дар гузориш дар робита ба Тоҷикистон ба сарчашмаи қочоқи ҷинсӣ табдил шудани занон ва ба корҳои маҷбурӣ водор сохтани кӯдакон таъкид шудааст. Бархе гурӯҳҳои ҷиноӣ занонро барои танфурӯшӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва Русия мебаранд. Теъдоди камтари занону духтарон ба Арабистони Саудӣ ва Қазоқистон бурда мешаванд. Қочоқи занҳо барои танфурӯшӣ аз тариқи қаламрави Русия ва Қирғизистон сурат мегирад. Дар дохили Тоҷикистон ҳам як теъдод занҳоро ба танфурӯшӣ водор мекунанд.

Дар гузориш ишора шудааст, ки солҳои охир бархе аз занону духтарони тоҷикро зери пардаи издивоҷ бо мардҳои афғон ба таври иҷборӣ ба Афғонистон низ мебаранд.

Ба навиштаи муаллифон, дар Тоҷикистон назар ба як соли пеш кори иҷборӣ камтар шудааст. Кори иҷборӣ бештар дар бахши кишоварзӣ ва ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта мушоҳида мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон, ба таъкиди гузориш, ба таври комил меъёрҳои мавҷудаи пешгирӣ аз қочоқи инсонро иҷро намекунад, вале барои ин кор талошҳое ба харҷ медиҳад.

Муаллифон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ҷилавгирӣ аз истифодаи нерӯи кудакон дар ҷамъоварии пахтаро идома диҳад ва онҳоеро, ки атфолро ба ин кор маҷбур месозанд, ба муҷозот кашад.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида омадааст, тайи соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон талошҳояшро барои мубориза бо кочоқи инсон тақвият бахшидааст. Дар моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон робитаҳои ҷинсии иҷборӣ ва кори маҷбурӣ манъ ва барои даст задан ба ин аъмол аз 5 то 15 соли зиндон муҷозот пешбинӣ шудааст. Соли гузашта ду қочоқбар бар пояи ҳамин модда ба 8,5 сол ва ду нафари дигар ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Мурофиаи додгоҳии чанд кочоқбари дигар идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi