07:36:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗПУРСИИ ДОДРАСИ ДОДГОҲИ ОЛӢ ДАР ОҶОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ, ба ҳайси шоҳиди парвандаи "исфарагиҳо" мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Нур Нуров , додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули парвандаи пуровозаи "исфарагиҳо" ба сифати шоҳид ба Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон даъват ва тавассути бозрасони ин ниҳод мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст.

/images/stories/2012/06/13_zidi-fasodi-13062012.jpgФаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки додраси Додгоҳи олӣ дирӯз (12-уми июн) аз тарафи муфаттишони ин Оҷонсӣ даъват ва вобаста ба қазияи исфарагиҳо мавриди пурсиш қарор гирифт. Раиси Оҷонси мубориза алайҳи фасод аз ҷузъиёти суолу ҷавоби бозрасон ва додраси Додгоҳи олӣ худдорӣ кард, аммо гуфт, Нуров дар ҳоли ҳозир ба сифати шоҳид даъват шудааст.

Дар зимн, Нур Эрмонович Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дошта ва аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 нафар аз сокинони Исфараро, ки ба қазияи  Низомхон Ҷӯраев, мудири пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд иртибот дорад, бар ӯҳда доштааст.

Баъд аз эълони ҳукми ин 33 нафар сокинони Исфара аз тарафи Нуров, Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, алайҳи он эътироз оварда ва муҳокимаи ин қазияро ноодилона хонда буд. Қазияи мазкур дар расонаҳои хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон низ бозтоби густарда пайдо кард ва ҳатто се нафар аз додрасҳо ба шумули Нур Нуров бархе аз нашрияҳои чопи Душанберо дар инъикоси нодурусти мурофиаи мазкур ба додгоҳ кашида ва ба миқдори 5 миллион сомонӣ дархости зарари маънавӣ карда буданд.

Ҳамакнун дар парвандаи пурсарусадои "исфарагиҳо" баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Маскави Русия ба Душанбе ва мавриди таҳқиқи дубора қарор гирифтани ин он ҳолатҳои наве пеш меоянд. Аз ҷумла, дар як моҳи ахир вобаста ба қазияи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар аз исфарагиҳо ду вакили дифоъ ва як нафар корманди пешини додситонӣ боздошт шуданд. Истеъфои додситони пешини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари додситони вилояти Суғд Очил Одилов низ ба ин қазия марбут донгиста мешавад.

Бо ин ҳол, Нур Нуров -- додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле ба унвони шоҳид аз тарафи бозрасони Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор мегирад, ки  бар тибқи қонунгузории Тоҷикистон додрасҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд  ва барои дастгир ва ба ҳабси пешакӣ кашидани онҳо бояд Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ин ҳуқуқро лағв намояд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi