20:24:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗДОШТИ САРДОРИ ГУМРУКИ ПАНҶИ ПОЁН

Сардори гумруки гузаргоҳи Панҷи поён ба гумони "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" дастгир шудааст. Сарҳанг Абулхайр Мӯъминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён дар асоси қисми аввали моддаи 316-и  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне бо иттиҳоми «берун рафтан ҳадди ваколатҳои хидматӣ» аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт шудааст.

/images/stories/2012/06/08_panji-poyon08062012.jpgДастури ҳабси пешакии Абулхайр Мӯминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён  тавассути додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир шудааст. Аммо тарафи мудофиъаи полковник Мӯъминов тасмими додгоҳ дар мавриди ҳабси пешакии зерҳимояи худро ғайри қонунӣ медонад.

Коршиносони ҳуқуқӣ низ мегӯянд, ки барои берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ то ҳукми додгоҳ гумонбар ё муттаҳам метавонад дар озодӣ бошад, аммо додгоҳ ба далели он ки дар озодӣ будани Муъминов имкон даорад ба раванди тафтиши парванда халал ворид кунад, ҳукми боздоти ӯро содир кардааст. Тафтиши муқаддамотии қазияи мазкур тавассути бозрасони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад сарҳанг Абулхайр Муминов ба унвони сардори Идораи гумруки Панҷи поён ба зердастони худ дастури ғайриқонунӣ дода ва ҳамчунин барои убури ғайримуҷози мошини борбар мусоидат кардааст. Ҷуъзиёти бештари қазия ошкор нашудааст. Дар сурати таъйиди иттиҳом ба ин навъи ҷиноят қонунгузории кишвар ҷарима аз 500 то 1000 ҳадди ақали маош ва ё то чаҳор соли зиндон пешбинӣ мекунад.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi