01:15:22 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИФРОТИ МО БА «ФЕЙСБУК» КӮЧИД

Умаралӣ Сафарзода, ҷомеашинос

Бадтарин мараз барои одамӣ гирифторӣ ба ифрот аст. Ифрот дар гуфтор, ифрот дар кирдор, ифрот дар қавлу амал, ифрот дар тоату ибодат ва ғайра. Пайроҳае, ки ҷониби ифрот мебарад ҷаҳолат асту камсаводӣ.

/images/stories/2012/06/08_facebook-8612.jpgСохти шӯравиро маҳкум мекунем, ки лодинӣ буду мардумро барои парастиши ислом иҷозат намедод. Чун ба истиқлол расидем, шароит бароямон фароҳам гашт, ки озодона бо Худованди худ, аз роҳи ибодат дар тамос бошему бандагиашро бар ҷой оварем, вале боз ҳам худро қаноатманд ҳис намекунем. Аз камоли ҷаҳолат, мехоҳем, ки ҳамагон чун мо бошанд.

Чун ҷаҳл мағзу мияамонро тобеи худ кардааст, вижагиҳои хоси Ислом – эътидол ва миёнаравиро дидаю фаҳмида наметавонем, намедонем, ки Ислом мазҳаби таъомулу инсоф асту адолат. Мо арзиш, фарзу суннатҳои Исломро то ҳадде расонидаем, ки на пасомадагон, балки худи асосгузорони дини ислом агар онро бубинанд моту маҳбут мегарданд.

Бо кишварҳои сохти исломидошта ифтихор мекунему даъво пеш меорем, ки аз баракати ислом рушд кардаанд ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мисол меорем. Бале, мо комёбиҳои ин кишварро дида метавонем, вале асосҳои таъминкунандаи пешрафти онро ҳеҷ дида наметавонему намехоҳем. Зеро дониш ва қудрати ақлонии худро назди онҳо заифу ночиз мебинем.

Мо дарк карда наметавонем, ки онҳо қуръонро барои тоату ибодат меомӯзанд, барои таъмини ҳаёти рӯзмарраи худ, барои саҳмгузорӣ дар пешбурди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвари худ онҳо илм меомӯзанд, тамоми илмҳои муосирро. Дар ҳолате, ки олимони соҳоти гуногуни ин кишвар бо бузургтарин уламои илми ҷаҳонӣ дар рақобатанду хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ олимони физикашро (ҳама ҷавонони то чилсолаанд) барои боздоштани рушди атомиаш мекушанд, мо ҳеҷ нест, ки домани баҳси «риш»-у «ҷелак» ва «сатр»-у ким-чиҳои дигарро сар диҳем. Дониши муллои моро бо охунди онҳо ҳатто муқоиса кардан мояи шарм аст.

Онҳо ҳазорҳо олимони дини ислом доранд, ки ҳаррӯзаю ҳармоҳа китобҳои илмиашон дар бораи ҷанбаҳои мухталифи дини Ислом ва таснифоти каломи қуръонӣ аз нашр мебароянд. Мо «аз оғили холӣ гови шохзан беҳ» гӯён, чанд муллоеро, ки навиштаҳои форсиро бо хати кириллик баргардонидаанд, «уламои ислом» мехонем, ки ин ҳам ҳамон дарди ифрот аст. Ин моем, ки муллогиро ҳамчун касб пазируфтаем. Дигарон аз барои савоб пешнамозанду имоматиро бар ҷой меоваранд. Онҳо аз ҳисоби обилаи кафи даст, вазифаи идорӣ ё тиҷорату дигар пешаҳо рӯзгори худро таъмин мекунанд.

Мо ифтихор дорем, ки дар канор намондаем ва мисли дигар намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ вориди дунёи нави техникӣ-иттилоотӣ, интернет ва воситаҳои мобилӣ гаштаем. Вале дар ҳоле, ки дигарон ин васоилро боз ҳам барои рушди бештару беҳтар, расидан ба дастовардҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ истифода мебаранд, ифротамонро бо худ вориди сомонаҳои интернетӣ кардаем. Ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро дароед. Аксарияти истифодабарандагони тоҷики он ҷавононанд. Онҳоеанд, ки ояндаи ин Ватану ин миллат зич бо номашон алоқаманд аст.

Ҳар қадаре, ки онҳо пояҳои илмӣ ва фаннии ҷумҳуриро мустаҳкам мекунанд, ҳамон қадар шароит барои рушди кишвар дар оянда фароҳам мегардад. Вале мутаассифона дар баҳсҳои «фейсбуки»-и онҳо, масоили илмӣ-технологиро аҳёнан бархӯрд кардан мумкин аст, боқӣ боз ҳамон баҳси «риш» асту «ҷелак». Баъзе аз ин ҷавонон ончунон ба эҳсосот дода мешаванд, ки фикр мекунам орзу доранд навишаашон, ки саропо алфози хашин асту қабеҳ, таҳқир асту надомат, теғи буррое гардаду мубоҳиси интернетиашро сар аз тан ҷудо кунад. Зеро пойбанди ифротанд.

Мафкураи ин идда, аз андешаю кирдори тӯдаҳои қаттоле, ки аз номи ислом ҳаррӯза ҳазорон бегуноҳонро мекушанду мекафонанду месӯзонанд ва Исломро бадном кардаанд, тафовуте надорад. Инҳо гарчанде худро донои Ислом метарошанд, ба умқи фармудаҳои Қуръони карим, ки уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст (сураи Бақара, ояти 142), нарасидаанд. Дини Ислом ҳар гуна хушунату ифротгароиро маҳкум мекунад, аммо инҳо не…, чунки пойбанди ҷаҳолатанд.

Ҳатто Раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки бояд мантиқан аз фаъолии ҷавонони тоҷик дар «Фейсбук», алалхусус аз муносибати ҷавонон нисбати ислом хушҳол мебуд, аз тариқи радиои «Озодӣ» нигаронии худро роҷеъ ба чунин навиштаҳо, вазъгӯиҳо ва  баҳсҳои «ҷанголуда» баён дошт. Зеро маҳз ҳамин ҷавонони эҳсосотӣ ҳадафи мувофиқе барои ҷалб ба гурӯҳҳои тундрав ва шубҳанок мебошанд.

Оқибати ифротгароӣ ҳамеша бесуботӣ ва нооромии ҷомеа мебошад, фарқе надорад, ки он дунявист ё динӣ. Дар чунин ҳолат, қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарвар ҷаҳду талош дар пешгирии густариши марази ифрот аст. Мо хоҳ давлатӣ бошему хоҳ наҳзатӣ ва хоҳ суннатӣ, имрӯз  бояд ки ба ислоҳи шуури динии ҷавонон камар бандем. Маърифатнокӣ ва фарзиятҳои диниро аз сатҳи кӯчагӣ ба дараҷаи донишмандӣ ва тамаддуни муосири пешрафта бардорем. Агар аз имрӯз ба ислоҳи вазъ даст назанем, фардо ҳатман дер хоҳад шуд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi