18:23:45 02-уми Июни 2025 сол

"ТИҶОРАТ" БА ҶОИ ҲИМОЯТ? АФСАРИ МАРЗБОН БОЗДОШТ ШУД

Маъмурони амниятии Хатлон раҳбари як воҳиди марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро боздошт кардаанд. Сарвари як воҳиди марзбонӣ (погранзастава) дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар пайи амалиёти вижае аз сӯи Раёсати Кумитаи амният дар Хатлон боздошт шудааст.

/images/stories/2012/05/21_mavodi-mukaddir-21-5-12.jpgЯк манбаъ дар Раёсати Кумитаи амният дар Хатлон ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, аз Низомиддин Яъқубов, сарвари қитъаи марзбонии "Вахш" 20 кило ҳашиш мусодира кардаанд. Бино ба ин манбаъ, Яъқубов бо сарвари қитъаи марзбонии "Таҳти кӯҳ"-и Афғонистон робита пайдо карда, аз ӯ барои фурӯш маводи мухаддир мегирифтааст.

Мақомот Низомиддин Яъқубовро аз рӯи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба хотири фурӯш, муттаҳам медонанд. Аммо бино ба манобеи расмӣ, таҳқиқи парвандаи ӯ идома дорад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир аз 5 то 8 соли зиндонро бо мусодираи амвол ё ғайри ин пешбинӣ кардааст.

Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба порлумон иртиботи бархе мақомот бо қочоқбаронро эътироф кард ва гуфт: “Шарт аст, ки дастгир кунанд, баъд ҳамаатон пуштибон мешавед. Оё ягон каси шумо надид? Дар сатҳҳои баланд! Вақте худи корманди Оҷонси маводи мухаддир даст ба контрабанда задааст. Вақте худи корманди масъули милиса дар сатҳи олирутба, шӯъбаи махсусе ки бояд пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигирад, худаш даст мезанад. Ин бисёр ҳодисаҳои нанговар аст.”

Ин масъала моҳи январ ба дунболи боздошти муовини раҳбари бахши мубориза бо маводи мухаддири пулиси ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бо лақаби “Пантера” расонаӣ шуд. Асосан ба ин далел, ки ӯ бародари муовини вазири амният Мансур Умаров ҳам будааст.

Дар ҳамон моҳ бо иттиҳоми сарпарастии гурӯҳҳои қочоқбар раҳбари шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилӣ Зафар Мирзоев дастгир шуд ва баъди чанде -муовини фармондеҳи як воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз. Дар маҳофил фол мезаданд, ки ин боздоштҳои пурсарусадо шояд оғози як маъракаи густарда алайҳи "наркобарон"-ҳои бузург шавад.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854