04:12:13 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: 'ОМИЛИ ҲАМЛА БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААСТ'

 

Бозрасони парвандаи ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, гуфтаанд, ки омили ин ҳодиса ба Тоҷикистон фирор кардааст. Дар ин бора оқои Атовуллоҳ рӯзи чаҳоршанбеи 16 май дар суҳбате ихтисосӣ ба Би-би-сӣ хабар дод.

/images/stories/2012/05/17_dadajan_lening_17512.jpgИн рӯзноманигори 56-солаи табъидӣ, ки муддатест дар Олмон ба сар мебарад, мегӯяд, ки комилан шифо ёфта ва бо кумисари ҳуқуқи башари Олмон мулоқот кардааст. Вай шоми рӯзи 12 январ дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва шадидан захмӣ шуда буд. Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, вай ному насаби фарди муҳоҷимро медонад, аммо барои ҷилавгирӣ аз мухтал шудани таҳқиқи парванда исми ин фардро намехоҳад ифшо кунад.

Ӯ аз қавли бозрасоне, ки ба таҳқиқи ин парванда машғуланд, гуфт, ки фарди муҳоҷим ба Тоҷикистон фирор карда, вале мақомоти рус ҳануз ҳеч тасмиме барои дархости истирдоди ӯ нагирифтаанд. Дар суҳбат бо Би-би-сӣ Додоҷони Атовуллоҳ иттилоъ дод, ки рӯзи 15-уми май дар Берлин бо Моркус Лунинг, омбудсмен ё кумисари ҳуқуқи башари давлати Олмон, дидору гуфтугӯ кардааст.

Вай гуфт, ки мавзӯъи мулоқоташ бо оқои Лунинг раванди демукротиза дар Тоҷикистон будааст. Ин мақоми олмонӣ таъкид кардааст, ки кишварҳои урупоӣ барои назорати беш аз пеш бар раванди баргузории интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Оқои Лунинг ҳамчунин суолҳоеро дар заминаи вазъи озодии баён, зиндонҳо ва озодиҳои маданӣ ва фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, дар ин дидор ба мавзӯъи интихоботи қарибулвуқъ таъкиди вижа шудааст.

Ӯ гуфт: "Ман ба оқои Моркус гуфтам дар кишваре, ки дар Қонуни асосии он калимаи "демукросӣ" ҳаст, 20 сол раиси ҷумҳур будани як нафар нишон медиҳад, ки аз демукросӣ дар ин кишвар нишоне нест."

Оқои Лунинг дар посух ба ин нигаронии хабарнигори мунтақиди давлати Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки кишварҳои Урупо аз тариқи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 дар Тоҷикистонро зери заррабин қарор хоҳанд дод.

Оқои Атовуллоҳ ҳамчунин таваҷҷӯҳи кумисари ҳуқуқи башари Олмонро ба қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҷалб карда ва гуфтааст, дар ҳоле ки кишварҳои урупоӣ ба сарнавишти Юлия Тимушенку, раҳбари зиндонии мухолифони Укройн бетафовут нестанд, чаро дар мавриди раҳбари зиндонии ҳизби демукроти Тоҷикистон садои эътироз баланд намекунанд? Оқои Атовуллоҳ гуфт: "Вақте ман дар бораи оқои Искандаров ҳарф задам, бардошти ман ин буд, ки оқои Лунинг бори аввал дар бораи ӯ мешунавад. Ӯ хеле мутаассир шуд."

Озодии матбуъот мавзӯъи дигари матрӯҳа дар ҷараёни мулоқоти кумисари ҳуқуқи башари Олмон бо Додоҷони Атовуллоҳ будааст. Ҳарчанд гуфта мешавад Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар заминаи озодии баён вазъи беҳтаре доштааст, аммо ба бовари оқои Атовуллоҳ, ин муваффақиятро ба давлат на, балки ба ҷасорати худи рӯзноманигорон бояд марбут донист.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон аз кишварҳои урупоӣ ва Омрико дархост кардааст, ки барои густариши озодии баён дар кишварҳои Осиёи Миёна бар "режимҳои саркӯбгари" минтақа фишор ворид кунанд.

Музаффар Сулаймонов, пажӯҳишгари ин созмон, дар нишасти вижаи Кумисиюни Омрико дар умури Амният ва Ҳамкории Урупо аз кишварҳои урупоӣ ва Омрико хостааст, ки барои раҳоии хабарнигорон аз зиндонҳои Осиёи Миёна кумак кунанд. Вай бавижа аз теъдоде хабарнигори зиндонӣ дар Узбакистон ва Қирғизистон ном бурда, аммо афзудааст, ки вазъият дар ҳамаи кишварҳои минтақа нигаронкунанда аст.

Ӯ зимни ишора ба суханронии Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки рӯзи 3-юми май, мусодиф бо Рӯзи ҷаҳонии матбӯъот садо дод, гуфтааст: "Фарҳанги беҷазо мондан дар ивази чунин амалкард набояд дар ҳеҷ кишваре вуҷуд дошта бошад."

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон чанде пеш дар баёнияи дигари худ аз давлати Русия хоста буд, ки ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро ҷиддан таҳқиқ, амнияташро то замони шифо ёфтанаш таъмин ва муҳоҷимонро муҷозот кунад.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi