09:32:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАБОНИ "ДАРОЗ"-И ТОШКАНД АЗ ЗИЛЗИЛА ДАР АТРОФИ РОҒУН

Вазорати хоҷагии оби Узбакистон бо назардошти хатари заминҷунбӣ хостааст, то бунёди Роғун қатъ шавад. Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд.

/images/stories/2012/05/14_sokhtmoni-roghun-14512.jpgРасонаҳои интернетии Узбакистон навиштаанд, маркази зилзила дар 17-километрии шаҳри Роғун буда, эъмори сарбанди 335-метрӣ дар ин ҷо метавонад, тамоми минтақаро зери хатар қарор диҳад. Онҳо дар ин робита аз ҳушдори сардори раёсати Вазорати хоҷагии оби Узбакистон, Шариф Қучқоров, ёд кардаанд, ки бо назардошти хатари заминҷунбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро қатъ кунанд.

Аммо академик Собит Неъматуллоев ин баҳонасозии мақомоти Узбакистонро сиёсӣ номид. Вай дар сӯҳбат ба мо гуфт, "ин хел гапҳо нест. Ин ҳамааш масъалаи сиёсату иқтисод аст. Илова бар ин, тарҳи нерӯгоҳи барқи оби Роғунро худи Тошканд таҳия кардааст. Ин ҳамааш баҳона аст."

"РОҒУН БА ЗИЛЗИЛА ТОБОВАР АСТ"

Аммо мақомоти тоҷик ҳамвора ин иддаои мақомоти Узбакистонро рад кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик ба хотири тобоварӣ дар ҳолатҳои зилзила ва таркишҳо, муҳандисони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" марҳилаи анкера, як навъ банд (трос), кашидани обанбор ва биноҳои асосии нерӯгоҳро ба анҷом расонидаанд.

Мираҳмади Амиршо, корманди дафтари матбуоти нерӯгоҳи "Роғун" рӯзи 26-уми апрел ба мо гуфта буд, дар ин марҳила 23 ҳазор анкера (як навъ трос), ки фӯлодин аст, дар сохтмоне, ки агрегатҳо ҷой дошта бошанд ва дар атрофи обанбор кашида шуданд. Бандҳои анкера ба таркиби кӯҳҳои атрофи обанбор бо фишори 450 тонна халида мешаванд ва холигоҳҳои даруни кӯҳҳо пур карда мешавад.

Ба қавли Мираҳмади Амиршо, анкераҳоро ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун аслан аз Русия ва Чин ворид мекунад. Ҳоло ҳамчунон марҳилаи барқаросозии нерӯгоҳ идома доштааст.

ЗИЛЗИЛА ДАР ТОҶИКИСТОН

Бар асари заминҷунбии рӯзи якшанбеи 13-уми май, дар шарқи Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази заминларза дар152-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 20-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт будааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари ин зилзила ҳамчунин даҳҳо манзил дар деҳоти шарқи кишвар тахриб шуда ва мардум бе сарпаноҳ мондаанд. Заминларза инчунин роҳи мунтаҳӣ ба шарқи кишварро низ хароб карда ва ин роҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба поксозӣ ва таъмир дорад.

Тибқи гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi