18:33:36 02-уми Июни 2025 сол

ТАЛКО: "ДАЪВОИ ТОШКАНД БЕПОЯ АСТ"

Ширкати "Талко" иддаои Тошканд дар мавриди хисороти ворида аз фаъолияти ин корхона ба будҷаи Узбакистонро бепоя медонад. Бино ба даъвои Ҷунбиши экологии Узбакистон, аз ин корхона солона ба ҳазинаи мардум, аз ҷумла хароҷоти онҳо барои бемориҳо ва ҳамчунин ба буҷаи Узбакистон, 31,3 млн. доллар хисорот ворид мешавад.

/images/stories/2012/05/11_talko-11512.jpgАз рӯи ҳисоби онҳо, «Талко» тайи 16 соли ахир ба Узбакистон 447,3 млн. доллар хисорот ворид кардааст. Ҷунбиши экологии Узбакистон аз «Талко» талаб кардааст, ки ба зудӣ дастгоҳҳояшро таҷдид кунад. Аммо ширкати «Талко» мегӯяд, аз «ҳамлаҳои иттилоотӣ»-и Ҷунбиши экологии Узбакистон дигар ба ҳайрат намеояд.

Саёҳат Қодирова, сухангӯи ширкат, ки дар бораи даъвоҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон сӯҳбат мекард, гуфт, ин ҷунбиш бори аввал нест, ки бо таҳлилҳои «тахайюлӣ» аз таъсири экологии «Талко» ба вилояти Сурхондарё ҷуброни зиён талаб мекунад.

Хонум Қодирова гуфт, "манзараи экологие, ки аз вилояти Сурхондарё тасвир мешавад, комилан аз вазъи экологии атрофи худи атрофи завод ба куллӣ фарқ мекунад ва суол ин аст, ки чаро корхона ба атрофи худ ин қадар зиён намеоранду ба вилояти Сурхондарё ин зиён мерасад?"

Ба қавли хонум Қодирова, вазъи экологии атрофи корхонаи «Талко» ҳам аз сӯи мутахассисони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба ҷониби Узбакистон пешниҳод шудааст, аммо ин аз сӯи Ҷунбиши экологии Узбакистон ба назар гирифта намешавад. Сухангӯи «Талко» афзуд, баҳои коршиносони Ҷунбиши экологии Узбакистонро ширкат ҷиддӣ намегирад, зеро бепоя ҳастанд.

Аз чанд сол ба ин сӯ миёни Тоҷикистону Узбакистон баҳси муттаҳам кардани якдигар дар ворид кардани хисорот ба буҷаи кишварҳо идома дорад. Дар гузашта иқтисодшиносони Тоҷикистон кишвари ҳамсояро барои ворид кардани миллиардҳо доллар хисорот аз ҳисоби бастани роҳҳову қатъ кардани газу барқ муттаҳам карда буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854