02:47:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАНЪИ ИРОАИ МАВЪИЗАҲО ҚАБЛ АЗ НАМОЗИ ҶАНОЗА

 

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қабл аз намози ҷаноза амри маъруф гузошта нашавад. Як масъули Шӯрои уламо ба мо гуфт, дар ин маврид ба ҳамаи имом-хатибон дар саросари масҷидҳои кишвар дастур дода шудааст. Ӯ афзуд, танҳо намози ҷаноза бояд баргузор шавад ва амри маъруф, ки тибқи шариат “мурдаро азоб медиҳад” бояд гузошта нашавад.

/images/stories/2012/05/10_janoza-10512.jpg"Болои майит бисёр амри маъруф мекунанд, ки ин аз нигоҳи шариати Ислом дуруст набудааст. Манъ карданд, ки дар болои мурда мавъизахонӣ нашавад. Муфтӣ ҳам доим такрор мекунанд, ки майит худаш мавъизаи сокит аст ва дар болои он иловатан мавъиза кардан дуруст нест. Касе, ки ба инобат мегирад ё намегирад, кори худаш аст",-илова кард ҳамсӯҳбати мо.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки қаблан пеш аз хондани намози ҷаноза рӯҳониён амри маъруф карда, дар мавъизаҳои худ ба масоили мухталиф ҳам дахл мекарданд.

Гузашта аз ин, дар миёни диндорони Тоҷикистон роиҷ аст, ки намози ҷанозаро бояд рӯҳониёни саршинос ва соҳибҳэҳтиром бихонанд. Аммо бино бар дастури ахири Кумитаи дини Тоҷикистон аз ин ба баъд танҳо имом-хатибони масоҷид ва ё домуллоҳои маҳалла намози ҷанозаро имоматӣ хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi