20:54:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАЛАЙЗИЯ ДАР ИСФАРА ЯК НЕРӮГОҲИ ҲАРОРАТӢ МЕСОЗАД

Вазорати энержӣ бо як ширкати малайзиягӣ ёддошт дар бораи бунёди нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Исфараро имзо кард. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон бо ширкати HOS International Trading-и Малайзия барои бунёди як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар ноҳияи Исфара ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардааст.

/images/stories/2012/05/10_malayzia_10512.jpgМасъули дафтари матбуоти вазорати энержӣ ба мо гуфт, ин нерӯгоҳ бо иқтидори 300 мегаватт дар шаҳраки Шӯроби  Исфара сохта шуда, бо истифода аз ангишти маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард. Ин нерӯгоҳи ҳароратӣ дар як шабонарӯз ба 2 ҳазор тонна ангишт ниёз доштааст.

Аммо сармоя барои бунёди нерӯгоҳ, замон ва шеваи иштироки HOS International Trading-и МАлайзия ҳанӯз эълон нашудааст. Зимнан, ин ширкат бо имзои як ёддошти дигар бо вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна дар кишвар баён доштааст.

Кони ангишти Шӯроб дорои захираи ҳудуди 145 миллион тонна ангишт аст, ки аз умқ (чуқурӣ)-и 500 метр берун оварда мешавад. Дар даврони Шӯравӣ дар ин кон солона то 1 миллион тонна ангишт истеҳсол карда мешуд. Ҳоло ин рақам то 10 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барномаи эҳёи шаҳраки саноатии Шӯроб ва фаъол кардани кони ангишти он бо 100 миллион сомонӣ, муодили беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ таҳия карда буд. Ба гуфтаи таҳиягарони он, фаъол кардани кони ангишти Шӯроб бо 400 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 8 миллион доллар сармоя ба даст меояд.

Аммо тасмим барои бунёди як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Исфара дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар як ҷаласаи порлумонӣ Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон бо вазири энержӣ Гул Шералӣ ворид баҳс шуд. Вай аз вазорат интиқод кард, ки дар чанд соли ахир натавонистааст як нерӯгоҳи ҳароратӣ бунёд кунад.

«Озодb»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi