10:04:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ИНТИҚОДҲО НИСБАТИ ФИЛМҲОИ ТОҶИКӢ ДУРУСТАНД»

Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» қисми аввали филми ҳунарии «Ҷазо» -ро рӯзи душанбеи 7 май дар толори Кохи Ҷомӣ ба намоиш мегузорад. Коргардони филми ҷадид Саидҷон Қодирӣ буда ва сенарияи ин филм ба қалами журналист Толиби Раҳматулло тааллуқ дорад. Бо он ки Толиби Раҳматулло ду соли ахир дар муассисаи давлатии «Тоҷиккино» фаъолият дорад, аммо беш аз 20 сол дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ба унвони хабарнигор кор кардааст.

/images/stories/2012/05/05_kokhi-jomi-5.5.12.jpgПешгирӣ аз мавориди ришвахорӣ ва фасодкорӣ ва паёмадҳои номатлуби тамаъҷӯӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар меҳвари филм қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ришвахорӣ ва фасодкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст. «Ҷазо» дуввумин филми ҳунарии Толиби Раҳматулло аст.   

Филми нахустини вай бо номи «Мӯъҷизаи ишқ» соле пештар рӯи навор омада буд ва дар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ва толорҳои синамоии Душанбе ба намоиш гузошта шуда буд. Толиби Раҳматулло дар сӯҳбат бо мо нахуст дар бораи сужаи қисми аввали филми «Ҷазо» гуфт:

Толиби Раҳматулло: Сюжети филм дар бораи ҷавонест, ки тоза донишгоҳро хатм карда, оиладор буда, соҳиби як фарзанд мебошад. Ин ҷавон дар як муассисаи хусусӣ ба сифати тафтишгар ё ревизори маводи хӯрока кор мекунад. Вай дар муддати кӯтоҳ аз дигар ҳамкоронаш ришвахориро меомӯзад ва аз ин тариқ сарватманд мешавад. Аммо дар ниҳоят кори номатлубе мекунад, ки ин амалаш боиси бемории вазнини фарзандаш мешавад.

Фарзандро дар ҳолати кома ба бемористон интиқол медиҳанд, аммо падараш аз ин бехабар дар айшу ишрат бо хонумон вақташро мегузаронад. Пас аз чанд рӯз ба хона меояд ва аз ин ҳолат огоҳ шуда, маслиҳати пизишконро гӯш накарда мехоҳад фарзандашро барои табобат ба Русия барад. Аммо ҳангоми парвози ҳавопаймои «Душанбе- Маскав», кӯдак ҷони худро аз даст медиҳад.

-Пас, мӯҳтавои филм мавзӯи муҳими рӯз - ришвахорист ва шумо аз ин тариқ мехоҳед то ин падидаи номатлубро барои ҷомеа матраҳ кунед ва паёме ба тамошобин медиҳед, оре?

-Бале, дар воқеъ мо мехоҳем, то чашми тамошобин боз шавад, ки паёмади ришвахорӣ ва тамаҷҷӯӣ ба хонаводаи фарди ришвахор чӣ бадбахтиеро, мусибатеро меорад. Мардум нисбати ин гуна шахс нафрат пайдо мекунад. Ҳамин ҳаромхӯрист, ки фарзандаш дунёро тарк мегӯяд.

-Толиби Раҳматулло, бештар чун журналисти телевизион шинохта шуда аст, аммо «Ҷазо» филми дуввуми ҳунарии шумост ва фаъолияти шумо дар муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» низ зиёд нест. Хуб, аз назари шумо, масъулияти кадоме аз пешаҳо бештар аст?

-Дуруст аст. Ман қариб 20 сол журналист будам ва муддати ду сол мешавад, ки дар соҳаи синамо кор мекунам. Журналистӣ касби дӯстдоштаи ман аст ва он чӣ ман мехостам, то андозае дар журналистика муваффақ шудам ва вақте маро ба «Киностудия» гузарониданд, кӯшиш кардам, ки ба як кори мураккабтар даст занам.

Яъне, сенария нависам ва филм офарам, то ба мардум таъсири хуб расонад ва манфиате дошта бошад. Албатта масъулияти журналистӣ хеле баланд аст, чунки дар доираи сиёсат аст ва ҳар рӯз меҳнати зиёд талаб мекунад. Аммо дар «Киностудия» инҷо фурсати эҷоди ман зиёдтар аст ва ман метавонам оромтару осудатар филмномаҳо нависам.

-Дар воқеъ, солҳои ахир бештар журналистон талош кардаанд ва филмнома навиштаанду ва филм офариданд. Ба унвони мисол аз филмҳои «Афсонаи хоб» -и Муҳаббат Сатторӣ ва «Беҳуда хорам мекунӣ» -и Талабшоҳи Муқим ва дигар журналистони асосан телевизион метавон ном бурд. Аммо бархе аз ин филмҳо мавриди интиқоди синамошиносон, соҳибназарон ва ҳатто ҷомеа қарор гирифтанд, чаро?

-Дуруст аст. Воқеан ва ба хусус журналистони ҷавон имрӯз кӯшиш доранд, ки филм нависанд ва филм бардоранд. Аслан ин як падидаи хуб аст ва пеши роҳи он бояд гирифта нашавад. Лекин ин филмҳо чӣ гуна амалӣ мешаванд, аз назари кӣ мегузард, сенария онҳоро чӣ менависад ва кӣ мехонад, кадом коргардону наворбардор, ки таҷрибаи филмбардорӣ дорад?. Аз ин нуқтаи назар ин филмҳо хеле дар сатҳи паст наворбардорӣ  ва таҳия мешаванд.

Албатта вақте коршинос, тамошобин ва ё ношиносе танқид мекунанд ва ба ин филмҳо эрод мегиранд, дуруст мекунанд. Чун ҳар филме, ки ба навор гирифта мешавад, аввал сенарияи он дар шӯрои бадеӣ бояд дида шавад, таҳрир шавад, забони модарӣ дар сенария бояд маҳак қарор гирад. Қаҳрамони филм ҳам бояд ба забони адабӣ сухан гӯяд, чун оммафаҳм бошад. Бисёр ҷавонони мо, ки филм таҳия мекунанд, ба ин чизҳо аҳамият намедиҳанд, вале ба кадом роҳ филм мебардоранд ва тавассути кадом муассиса ин филм пешниҳод мешавад, ин то ҳоло ба мо маълум нест.

Албатта филмҳои зиёде бардошта шуданд ва тариқи дискҳо дар кӯчаҳо фурӯхта мешаванд. Вақте кас онҳоро тамошо мекунад, дилаш мемонад. Бояд пеши роҳи ин гирифта шавад. Касе, ки мехоҳад филми ҳақиқӣ таҳия кунад ва навор бардорад, бояд бо «Тоҷиккино» ё «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ кунад. Шӯрои бадеӣ сенарияро бубинад, Наворбардори касбӣ, коргардони касбӣ бояд филмбардорӣ кунад. Он вақт филм хубу диданӣ мешавад. Шояд он вақт мо тавонем дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ ширкат варзем.

-Чун аз ҷашнвораҳои байналимилалӣ гуфтед, мутаассифона каме аз филмҳои сохтаи мо - тоҷикон дар фестивалҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат мекунанд ва дар ду соли ахир танҳо ва он ҳам филми «Қиёми рӯз», сохтаи Носир Саидов аст, ки дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Шумо сабабро дар чӣ мебинед?

-Сабаби асосӣ он аст, ки мо филмҳоро дар плёнка ё тасмаи синамо ба навор намегирем. Муваффақияти «Қиёми рӯз» низ ҳамин аст. Албатта ниятҳо ҳаст, ки дар оянда дар тасмаи синамо филмҳо наворбардорӣ шавад, аммо монеи асосӣ мушкилоти молӣ аст. Аз сӯи дигар филм ба ҷашнвораҳо, ки пешниҳод шуд, ба коргардонии он таваҷҷӯҳ мешавад ва муваффақияти аслии дигари «Қиёми рӯз» ҳам кори коргардонии ин филм аст.

-Пас филми «Ҷазо» низ на дар плёнка, балки дар навори видиоӣ ба наво гирифта шудааст, бале?

-Бале, ин филми видиоӣ аст ва  ба истилоҳ дар «кинокамераи рақамӣ» рӯи навор оварда шудааст ва қисми аввал ҳудуди як соат аст.

-Хуб, ин филми дуввуми шумо аст, аммо мақсад нагузоштед, ки онро ба ҷашнвораҳо пешниҳод кунед?

-Албатта мо ният дорем, пас аз муаррифӣ онро ба забони русӣ тарҷума кунем ва аққаллан ба ҷашнвораҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар Русия ва дигар кишварҳо пешниҳод созем. Умедворем писанди ҳайати ҳакамон гардад.

-Иқдомоти баъдии Шумо чӣ ҳаст, қисмати дувуми филмро ҳам таҳия хоҳед кард ё хайр?

-Ҳоло атрофи сенарияи қисмати дуввуми «Ҷазо» кор карда истодаам. Мавзӯи ин қисман низ асосан ришвахорӣ ва фасодкории ҷомеаро дар бар мегирад. Бисёр вақт эрод ҳам мегиранд, ки чаро синамогарони тоҷик, «Киностудия» -и Тоҷикфилм мисли туркҳо филмҳои тарбиявӣ намеофаранд? Барои ҳамин ҳоло, ки сари сенарияи қисмати дуввуми филми «Ҷазо» ҳастам, ин мавзӯъро дар бар мегирад ва ҳатто ният дорам, қисмати саввуми филмро низ таҳия кунем.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi