17:38:14 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГУЗОРИШ АЗ МАРОСИМИ ҶАНОЗАИ МОДАРИ МУҲИДДИН КАБИРӢ

Дирӯз, 3-юми майи соли 2012, баъди адои намози зуҳр дар масҷиди деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод маросими ҷанозаи модари раҳбари ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ бо ширкати ҳазорҳо нафар мардуми мусалмоне, ки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ баъди шунидани хабари вафоти марҳума ба ин ҷо омада буданд, баргузор гардид. Модари Муҳиддин Кабирӣ соати чори субҳи рӯзи сеюми май бар асари бемории тӯлонӣ ин ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.

/images/stories/2012/05/04_marosimi-janoza_4512.jpgҚабл аз барпо кардани намози ҷаноза шахсиятҳои маъруфи кишвар, аз қабили эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, Мавлави Абдулҳайи Искандар, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Мавлавӣ Қосими Раҳим, домулло Саъдуддини Рустам, домулло Муҳаммадшариф, аъзои раёсати ҲНИТ, руасои ҲНИТ дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, раҳбари ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, намояндаи сафири ҶИЭ дар суханрониҳои худ ба аҳли хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ, бародарон ва хоҳаронаш, ки фаъолони ҲНИТ мебошанд, сабри ҷамил ва ба марҳума аз Худованди бузург биҳишти барин талаб карданд.

Мо дар зер суханронии эшони Махмудҷон Тӯраҷонзодаро бо усули чандрасонӣ пешкаши шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» мекунем. Эшони Маҳмудҷон дар ин маросим азҷумла чунин изҳор кард:

«Ба номи Худои баҳор офарин, Баҳор офаринро ҳазор офарин. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Мӯҳтарам ҷамоаи аҳли Ислом! Дар ибтидо таъзия ва таслияти худ, бародарон ва аҳли хонаводаи худро шахсан ҳазрати эшони Нуриддинҷон ва бародари азизам Ҳоҷӣ Акбарро ба бародари хеле дӯсти самимӣ ва пеш аз ҳама мӯъмини муваҳҳид, Муҳиддин ва ҳамроҳии ҷамъи бародаронашон ва шахсан падари бузургвораш арза менамоям. Аз Худованд барои эшон сабри ҷамил ва аҷри ҷазил дар ин мусибати ҷонсӯз ва фироқу ҷудои аз модари азизу мушфиқ масъалат дорам…

... Модаре ки мо алъон барояш дуъо ва истиғфор дорем ва омодаи хонадани намози ҷанозаи эшон ҳастем, модарест монандаи ҳазрати Сумайя, ҳамсари Ёсир фарзандоне чун ҳазрати Амор монанди бародари мо Муҳиддину Акошав ва хоҳарони исломӣ барои ҷомеаи мо тарбия намуд. Воқеан зиндагиномаи ин модар барои ҳар яке аз мову шумо ва шахсан хоҳарони исломӣ бояд мояи дарсу ибрат бошад ва мояи ифтихору сарбаландӣ барои ин уммат бошад. Боракаллоҳ ба шири ту, ай модар. Боракаллоҳ ба домани ту, ай модар, ки чунин фарзандоне мусалмону муваҳҳид ва сарсупурдаи Ислом ва хидматгори Ислому муслимин барои мо тақдим намудӣ…»

Дар ин маросим муовини сафири Арабистони Саудӣ низ шахсан таъзият, тасаллият ва ҳамдардии худро ба хонаводаи марҳума ва шахсан Муҳиддин Кабирӣ иброз намуд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ба мақсади ширкат кардан дар як конференси байналмилалӣ ва мулоқот бо муҳоҷирини меҳнатӣ дар Маскав қарор дорад, дар як сӯҳбати телефонии худ, ки ба мардуми дар маросими ҷаноза ҷамъомада тавассути баландгӯяк расонда мешуд, азҷумла чунин иброз дошт:

«Салому дуруди худро ба ҳамаи бародарон ва хоҳарон мерасонам. Миннатдорам, ки дар ин рӯзи душвор ҷойи моро пур кардед. Мо ки натавонистем дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи модар бошем, яко яки шумо ҳамчун фарзанди модарам ба ҷои мо ҳастед. Хеле миннатдорам. Бахусус, аз қиблагоҳи азизам узр мепурсам, ки натавонистам инҷо бошам. Ба ҳамаи устодон ва бузургон ташаккур мегӯям, ки заҳмат кашида ба ин маросими модарамон омаданд. Худованд ҷои модари моро ҷаннат кунад ва моро бубахшад, ки натавонистем дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯяшон бошем. Хоҳиши он кас буд ва падарамон ҳам розӣ буданд, ки мо ба ваъдае, ки ба бародарони муҳоҷир дода будем вафо кунем. Ҳарчанд модар ваъда карда буданд, ки то омаданам иншооллоҳ, ки мемонанд. Аммо насиб ва тақдири илоҳӣ ҳамин будааст. Аз ҳамаи Шумо миннатдор ҳастам, ки дар ин лаҳза ҳамроҳи мо ҳастед. Худо ҷои модарамонро ҷаннат кунад».

Ин сӯҳбати телефонии Муҳиддин Кабириро низ бо усули чандрасонаӣ пешкаши шумо алоқамандони сомонаи «Рӯзгор» мекунем.

Домулло Саъдиддини Рустам дар сӯҳбати худ азҷумла чунин гуфт: «Дар сафари хидматӣ будани ин бародар инсонро ба таърихи Асҳоби Паёмбар (с) мебарад, ки аксари онҳо ба хотири даъват хориҷ аз ватан мебаромаданд ва вақте, ки бармегаштанд, падару модари худро намеёфтанд. Таърихи зиндагии Асҳоб (р) ҳамин буд ва таърихи зиндагии тобеин ҳамин буд. Имрӯз ҳам таърихи миллати тоҷик даҳҳо ва садҳо ҳазор фарзандони тоҷик барои дарёфти рисқу рӯзӣ паи муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва гоҳо муваффақ намешаванд, ки дар ташйиъи ҷанозаи падар ё модар ширкат кунанд.

Ҳоло ҳам, агарчи устод М. Кабирӣ дар маросими ҷанозаи ин модари бузургвораш ҳузур надорад, вале барои ин модар 40 ҳазор узви ҲНИТ ва даҳҳо ҳазор ҳаводорони ин ҳаракат чи дар ҳузур ва чи ғоибона дуъо мекунанд ва тобути ӯро бар душу бар китф мегиранд. Ин модар на танҳо модари Кабириву Аккоша аст, балки 40 ҳазор аъзои ҳизб ва дигар мусалмонон фарзандони ин модар ҳастанд».

Намози ҷанозаи модари Муҳиддин Кабирӣ бо имоматии эшони Абдулқуддус фарзанди шодравон эшони Абдураҳмонҷон хонда шуд. Марҳума дар оромгаҳи деҳа ба хок супурда шуд.

Дар навбати худ мо низ аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» ба бародарони гиромӣ Муҳиддин Кабирӣ, Акоша Кабирӣ ва дигар узви ин хонадони шариф таъзия ва тасаллият баён карда аз Парвардигори муттаъол барояшон сабри ҷамил ва барои марҳума мағфирати гуноҳҳо ва ҷой дар биҳишти барин аз Худованди хеш талаб дорем.

Аксҳо аз маросими ҷанозаи модари Муҳиддин Кабирӣ
 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi