01:23:37 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФСАРОНИ БОЗНИШАСТАИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУТТАҲИД МЕШАВАНД

Рӯзи 28-уми апрел дар бинои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҷлиси нахустини муассисони ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди афсарон» баргузор гардид.

/images/stories/2012/04/29_ittihodi-afsaron_29412-1.jpgҲадафи асосии ин иттиҳодияи умумиҷумҳуриявӣ, чуноне, ки дар оинномааш омадааст, «расондани кӯмаки иқтисодӣ, башардӯстона, ҳуқуқӣ ва маънавӣ ба афсароне мебошад, ки баъди адои хизмат дар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадаанд. «Иттиҳодия афсарон» инчунин тасмим дорад, ки ба аъзои оилаҳои афсароне, ки ҳангоми адои хизмат ва ё аз беморӣ вафот карданд, ва ё худ дар бистари беморӣ қарор доранд, ба қадри имкон кӯмак расонад.

Ҷалб намудани афсарони бознишаста ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ, азҷумла истифода аз таҷрибаи онҳо дар тарбияи ватандӯстии насли наврас низ яке аз самтҳои фаъолияти асосии ин ташкилот хоҳад буд,- гуфт дар суханронии худ дар ин маҷлиси муассисон раиси ташкилот, полковники милиса Шавкат Юлчиев, ки дар гузашта дар вазифаҳои баланди вазорат, азҷумла сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд кор кардааст.

/images/stories/2012/04/29_ittihodi-afsaron_29412-2.jpgДар ҳоли ҳозир беш аз 100 нафар афсари бознишастаи сохторҳои қудратии кишвар, азҷумла аз вазорати корҳои дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати мудофиа, вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба ин ташкилот аъзо шудаанд, афзуд Шавкат Юлчиев. Мо умед дорем, ки сафи ин ташкилот аз ҳисоби афсарони бознишастаи сохторҳои қудратӣ, ки теъдодашон дар ҷумҳурӣ наздик ба даҳ ҳазор нафар мерасад, дар ояндаи наздик ба маротиб меафзояд.

Феълан ташкилот намояндагии худро дар вилояти Суғд таъсис додаст. Дар назар аст, ки дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ «Иттиҳоди афсарон» филиалҳои худро таъсис бидиҳад.

/images/stories/2012/04/29_ittihodi-afsaron_29412-4.jpgДар суханронии худ муовини раиси «Иттиҳоди афсарон», генерали милиса Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодда, собиқ муовини аввали Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон азҷумла изҳор кард, ки «дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷамъиятии зиёде дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият мекунанд.

Вале «Иттиҳоди афсарон» аз он ташкилотҳо ба куллӣ фарқ менамояд. Зеро дар ин ташкилот шахсиятҳое гирдиҳам омадаанд, ки ҳам аз ҷиҳати савияи дониши сиёсӣ, иқтисодӣ, таҷрибаи рӯзгор ва кор бо мардум, хеле варзида ва гармиву сардиҳои зиндагиро бисёр дида санҷида мебошанд. Таҷриба ва дониши онҳоро ниҳодҳои қудратии имрӯзи кишвар, ки ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ ҳастанд, дар сурати ба он зарурат доштан, метавонанд истифода баранд, илова кард ӯ.

Дар ҷаласаи муассисони ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди афсарон» генерал-полковники мақомоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров, сардори Саррёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ ба ҳайси меҳмон ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳозиринро бо таъсиси чунин як ташкилоти ҷамъиятии афсарони бознишастаи сохторҳои қудратӣ табрик гуфта ёдовар шуд, ки аз кишварҳои собиқ шӯравӣ танҳо Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки то ба ҳол чунин ниҳодеро, ки битавонад афсарони бознишастаро сарҷамъ бисозад, надошт.

/images/stories/2012/04/29_ittihodi-afsaron_29412-3.jpgТаъсиси чунин ташкилот, ба гуфтаи Сайдамир Зуҳуров, на танҳо барои афсарони бознишастаи сохторҳои қудратӣ, аҳли хонаводаи онҳо, балки барои тамоми ҷомеъа низ таъсири мусбате дар пай хоҳад дошт. Зеро ӯ боварӣ дорад, ки аъзои ин ташкилот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод, то дар таҳкими сулҳу суботи ҷумҳурӣ ва рушди ҷомеъа ва хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда бигиранд.

Дар ин ҷаласа миёни ширкаткунандагони он чеҳраҳои шиносеро аз қабили генерал майор Пирӣ Ҳусаинов, собиқ муовини вазири корҳои дохилаи ҷумҳурӣ, генерал-майор Абдураҳим Раҷабов , собиқ муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ, генерал-майор Эркин Муҳиддинов, собиқ сардори раёсати мубориза алайҳи терроризми вазорати амнияти ҶТ, генерал-майор Исломиддин Усмонов, собиқ муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ, генерал-майор Маъмур Шарифов, собиқ муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ва ғайраро дидан мумкин буд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi