01:10:34 02-уми Июни 2025 сол

СЕЛ БА КОРХОНАИ НАФТУ ГОЗИ БАЛҶУВОН ОСЕБ ВОРИД КАРД

Бар асари бориши шадиди борон ва сел ба корхонаи нафту гози ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон осеб ворид шуда ва чанде аз манозили маскунии ноҳия садама дидааст. Ин ҳодиса шаби сешанбеи 10 апрел рух додаааст. Дар ин бора Рустам Неъматов, сардори Бахши умури изтирории минтақаи Кӯлоб, ба Би-би-сӣ хабар дод.

/images/stories/2012/04/11_badakhshanroads-1112.jpgОқои Неъматов гуфт: "Бар асари боришҳои зиёд оби сойи Сурхоб маҷрои худро дигар карда ва ба ҷониби деҳоти Кӯҳнабалҷувон ва Калтачанор равон шудааст. Сел насоси (пампи) нафткашии шумораи 94-уми ин корхонаи нафту гозро пурра хароб карда, пас аз он суръаташ то андозае суст шудааст."

Вай мегӯяд дар натиҷаи ин ҳодиса аз 25 хона, ки дар наздикии роҳи сел буданд, ду манзил нисбатан осеб дидааст. Оқои Неъматов афзуд: "Аз мушоҳида ва арзёбии вазъият маълум кардем, ки ин ду хона дар деҳаи Кӯҳнабалҷувон дар саргаҳи сел ҷойгир буда ва то ҳол дар вазъи хатарноке қарор доранд."

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, барои боздид аз манотиқи осебпазир аз сел ва ба манзури андешидани тадобир барои пешгирии ҳаводиси табиъӣ ба Кӯлоб ва навоҳии атрофи он сафаре корӣ анҷом дода буд.

Нахуствазир дар ҷараёни ин сафар ба шаҳрдори Кӯлоб, руасои навоҳии вилояти Хатлон ва масъулони шӯъбаи умури изтирории ин минтақа дастур дод, ки барои ҷилавгирӣ аз хисороти молӣ ва ҷонӣ ҳарчи зудтар соҳилҳоро мустаҳкам кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, субҳи 10 апрел сел дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон низ ба манзили маскунии як хонавода хисороти ҷиддӣ ворид кардааст. Масъулони ин кумита мегӯянд, ки таҳқиқи паёмадҳои сел дар ноҳияи Қумсангир идома дорад.

Масъулони идораи умури изтирорӣ дар вилояти Бадахшон низ аз ҳодисаҳои сел ва резиши тарма дар бархе аз манотиқи ин вилоят хабар додаанд. Ҳамчунин, ҳодисаи сел дар рӯзи 10 апрел барои муддате роҳҳои мошингарди миёни деҳоти Хонақоҳи ноҳияи Ҳисорро низ масдуд кардааст.

Ҳарчанд то ҳол хисороти ворида аз сел ва тарма дар соли равон расман эълом нашудааст, вале коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол дорад хисороти ворида аз ҳаводиси мухталифи табиъӣ дар соли ҷорӣ беш аз як милюн сомонӣ бошад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854