12:05:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН БА ТАХРИБИ ОСОРХОНАИ АЙНӢ

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон масъалаи тахриби осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқандро дар сатҳи ҳукумат баррасӣ хоҳанд кард.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар сурати таъйиди ахбори мунташира дар робита ба тахриби осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон, ин масъала дар наздиктарин ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Оқои Асрорӣ гуфт, ки то ҷое ӯ медонад, баръакс ҳукумати Ӯзбакистон иброз дошт, ки ин осорхонаро тармим хоҳад кард.

Тибқи ахбори нашршуда, дар ҳоли ҳозир осорхонаи Садриддин Айнӣ аз ашёи шахсӣ ва ангораву осори адабии устод Айнӣ холӣ шуда ва вуруд ба осорхона манъ шудааст. Ва нимпайкара ва лавҳаи ёдгорӣ низ, ки гӯшае аз ин осорхонаро зинат медоданд, барканда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки хона-музеи поягузори адабиёти навини тоҷик дар шаҳри Самарқанд дар феҳристи ёдгориҳои меъмории Ӯзбакистон ворид карда шудааст. 

Аммо созмон ва маҳофили фарҳангии Тоҷикистон қарори вайрон кардани хона-музеи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқандро бо нигаронӣ қабул карданд. Маҳофил ва созмонҳои фарҳангии кишвар тахриби хона-музеи мазкурро муғойир бо ҳама мавозини байнулмилалӣ талаққӣ карда, аз созмонҳои байнулмилалии масъул барои ёдгориҳои башарӣ дархост кардаанд, ки ба ин масъала ҳарчи зудтар расидагӣ сурат бигирад. 

Ҳамза Камол, раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, ин иқдом мазкур орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ нест ва он баъд аз ба унвони нахустин қаҳрамони Тоҷикистон эълон шудани устод Айнӣ аз сӯи давлати ин кишвар оғоз шудааст. Баъд аз ин эълон номи Садриддин Айнӣ аз Донишгоҳи омӯзгорӣ ва як хиёбони бузурги шаҳри Самарқанд бардошта шуд. 

Оқои Камол тахриби осорхонаи Айниро идомаи ин раванд хонд ва гуфт, ёдгории таърихӣ дар он сурат моли таърих хоҳад буд, ки бо ҳамон асолат ва сохти худ ҳифз шавад.

Тасмими тахриби хона музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд замоне садо медиҳад, ки Шоҳислом Шоҳқосимов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон, аз ҳаллу фасли мушкилоти миёни ин ду кишвар ва ҳамин тавр таҳкими равобити дӯстонаву ҳасана сӯҳбат кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди касби истиқлол дар шаҳри Самарқанд ҳайкалҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ бо баҳонаҳои мухталиф аз байн бурда шуданд. 

Дар ҳамин ҳол Ҳамза Камол, раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, аз созмонҳои байнулмилалии ҳомии ёдгориҳои башарӣ даъват кард то ҷиҳати ҷилавгирӣ аз иқдоми мақомоти Ӯзбакистон барои тахриби осорхонаи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд иқдом кунанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi