18:59:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАВРӮЗИ САФЕДИ ХАТЛОН ВА Ё НАВРӮЗ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!

Бархе аз мардуми водии Вахш, аниқтараш мардуме, ки аз манотиқи кӯҳистонии кишвар солҳои сиву чил ва панҷоҳи асри гузашта ба инҷо муҳоҷир гардидаанд, маъмулан рӯзи 18-уми март сари соли навро аз рӯи солшумории шамсӣ таҷлил мекунанд.

/images/stories/2012/03/21_barfi-khatlon_21312.jpgҲамасола дар ин рӯз кӯҳу даман аз сабзаву себарга гилемпӯш мегардид, аксари дарахтони мевадиҳанда гул мекарданд ва мардум, дар ҳақиқат, бо як рӯҳияи идона ин идро ҷашн мегирифт. Вале имсоли тавсани саркаши зимистон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки роми Наврӯз бишавад. Рӯзи 18-уми март дар тамоми вилояти Хатлон, махсусан дар қисмати водии Вахши он, ҳаво хунуки абролуд шуда аввал борон борид ва тадриҷан он ба барфи шадид табдил ёфт.

Барф тақрибан як шабонарӯз, то шоми 19-уми март, беист борид. Азбаски боди хунукро ба ҳамроҳ дошт, қабати барфи ба заминрасида об нашуда то рафт баланд мегардид. Кор ба дараҷае расид, ки аз гаронии вазни барфи борида боми оғилҳои бархе аз хоҷагиҳои шахсӣ тоб наоварда фурӯ рехтанд. Дар бораи талафоти ҳайвоноти хонагии мардум ҳанӯз маълумоте дар даст надорем. Вале инаш хеле аниқ аст, ки аз сабаби ба дарозо омадани фасли зимистон ва махсусан барфи бемаҳали ахир мардуми водӣ хисороти зиёди молӣ диданд.

Масалан ба сабаби тамом шудани ему хошок ва надоштани хӯрокаи чорво як иддае аз одамон маҷбур шуданд ё чорвои шахсиашонро кушта гӯшташонро бо нархи арзон бифурӯшанд ва ё худи молу чорворо бо нархи арзон ба ҷаллобон ба савдо бидиҳанд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» рӯзҳои 18-20-ум марти соли 2012 сафаре дошт ба бархе аз навоҳии ин водӣ. Дар навори видеоие, ки ҳамакнун пешкашатон мешавад, шумо муштариёни гиромӣ, лаҳзаҳоеро аз мушкилоте, ки бориши барфи рӯзҳои мазкур болои сокинони ин навоҳӣ овард, хоҳед дид. Барои мисол шумо хоҳед дид, ки роҳи мошингарди Ҷилликӯл-Қӯрғонтеппа рӯзи бориши барф, яъне 19-уми март, дар чи ҳол буд.

/images/stories/2012/03/21_navruzi-khatlon_21312.jpgОғили бар асари резиши барф вожгуншудаи яке аз сокинони деҳаи Ворошилови ноҳияи Бохтар бо номи Сафиуллоҳ ва лаҳзаи ба мардуми деҳа тавзеҳ кардани деги суманаки тамоми шаби 19-уми март пухтаи сокини дигари деҳа хонум Алифмоҳро низ шумо аз навор хоҳед дид. Воқеан хонум Алифмоҳ суманакро зери дарахти зардолуи пургуле, ки гулҳояшро барф пӯшондааст, пухтааст.

Ӯ мегӯяд, ки бори аввал аст, ки дар чунин шароит суманак мепазад. Аммо ӯ аз боридани барф дар ин рӯз чандон ошуфтахотир нест. Барфро сафедии кор мегӯяд. Умедвории онро дорад,ки Наврӯзи сафеди Хатлон барои мардуми ин вилоят кушоише дар корҳоро низ хоҳад овард.

Дар навбати худ мо, аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор», тамоми ҳамватанони азизамонро хоҳ дар Тоҷикистон бошанд, ё хоҳ дар хориҷ аз он, инчунин тамоми онҳоеро, ки барояшон Иди Наврӯз азиз аст, бо фаро расидани соли нави хуршедӣ самимона табрику муборак бод гуфта, барои ҳар яки онҳо аз Худованди бузург сулҳу оромиш, сарсабзии умру саодати зиндагониро орзумандем. Илоҳо, ҳар тухми орзуи неке, ки дар замири хеш бо меҳр коштаанд, дар ин соли нави 1391 ҳиҷрии шамсӣ самараи дилхоҳ ба бор биёрад!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi