16:44:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30

ИХЛОСИ МАРДУМ БА ФОЛБИНУ БАХТКУШО

«Соли 1988–ум, вақте ки ба садамаи нақлиётӣ дучор ва бистарӣ шудам. Дар хобам як зан пайдо шуд. Гӯё мазори русҳо рафтам. Як қабри мардеро ёфтам. Аввал тарсидам, дуюм дафъа арақ хӯрдам. Ай ҳаму қабристон як мардак хест, дастома сила кард… Баъд табиб шудам…» 

Ин суханони Гуля Қосимова, сокини рустабори шаҳри Қӯрғонтеппа аст, ки аз таърихчаи, ба гуфтаи худаш, табиби халқию фолкушо шуданаш, ҳикоят мекунад. Вай бо илми ғайбдониву табибиаш дар миёни сокинони маҳаллӣ шинохта шудааст. Усули кору табобати вай барои бисёриҳо шубҳаовар аст, аммо шумори беморону корафтодаҳо ва ба истилоҳ, раҳгумзадаҳо, ки аз хизматаш истифода мекунанд, низ кам нест. 

Хонум Қосимова мегӯяд, дар бештари маврид ҷавондухтарони бешавҳар барои «бахткушоӣ» ё фолбинӣ ба наздаш меоянд, ё онҳое, ки аз оилавайронӣ тарс доранд, ба ӯ муроҷиат мекунанд. Вай мегӯяд, «одамҳо пешам меоянд, ки саломатиашонро бинам, якташ барои бахташ меояд, якташ барои саломатиаш меояд. Барои «бахткушоӣ» духтароне меоянд, ки аз шавҳар ҷудо шудаанд ё шӯ карда наметонанд».

Зимни сӯҳбат бо Гуля Қосимова шоҳиди ин манзара будем, ки зане бо номи Гулсара Мирзохонова аз ноҳияи дурдасти Панҷ ба назди ӯ омада, аз вай хостори кӯмак барои ошкор кардани дуздии амволи хонадонаш шуд. Ва аммо Қурбоналӣ Ҳалимов, ҷавоне, ки исломшиносӣ меомӯзад, мегӯяд, аз назари ин дин фолкушоӣ мамнӯъ аст ва ҳар нафаре, ки ба сухани фолбин ё фолкушо эътиқод мебандад, аз ислом дур аст.

Вай афзуд, «аз назари дин эътиқод ба фолбину ҷодугарон нодуруст аст, одам аз имон дур мешавад, ин ҳама дурӯғ аст. Фолбинӣ нест, аммо илми ҷоду ҳаст, илми Кашмир ҳаст, ин мавзӯи дигар... Агар фолбин ояндаро дида ва тағйир дода тавонад, донад, ки мисол, пагоҳ чи кор кунад, медонад, ки аз куҷо рафта ва чӣ хел пул ёбад, фолбинӣ намекунад».

Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Далер Сафармадов ҳам ба фолкушоии Гуля Қосимова ва, ба истилоҳ, ҳамкасбони ӯ бовар надорад ва истифода аз хизмати онҳоро сарфи беҳудаи вақт ва маблағ меҳисобад. Вай мегӯяд, «фолбинҳо психологияи одамро хуб омӯхтаанд, фаҳманд, ки дарде дорӣ, дар ҳамон мавзӯъ ду-се бор сухан меронанд. Худат, ки аз нигоҳи равонӣ тайёрӣ, иқрор мешавӣ ва ҳама чиро худат дар фолбин мегӯӣ…»

Вале худи Гуля Қосимова иддао дорад, ки вай ба мардумфиребӣ машғул нест ва дар амал дар ҳалли мушкилоти нафарони зиёд кӯмак кардааст. Вай мегӯяд, «зиндагии ман аз рӯйи ҳамин кор пеш меравад. Лекин ман барои хизматам нарх намемонам. Касе чизе орад, баъзеҳо куртаи кӯҳнашона меоранд, баъзеҳо нон, орд, пул медиҳанд.».

Бо ин ҳама, масъулони кумитаи дин дар ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, ҳама гуна амалҳо ва фаъолияте назири фолкушоӣ ва табобати бе иҷозат тибқи қонун мамнӯъ аст. Аммо ҳамоно шаҳрвандон аз хизматрасонии фолкушоёне, мисли Гуля Қосимова фаровон истифода мекунанд. Ва ин ки хонум Қосимова бо кадом усулҳои номатбӯъ табобат мекунад, ба корафтодаҳо чӣ чизе барои муолиҷа медиҳад, кам касеро ба ташвиш меорад.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi