00:04:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶУБРОН БА "ҚУРБОНИЁНИ" ТАҒЙИРОТИ ОБУ ҲАВО

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори матраҳ кардани мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти обу ҳаво шудааст.

Оқои Раҳмон, ки рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр дар севумин кунфронси ҷаҳонии марбут ба тағйири ҳаво дар Женев суханронӣ мекард, ба хисороти ворида аз тағйироти обу ҳаво бар кишварҳое ишора кард, ки мизони камтаре аз ин гозҳоро ба ҳаво партоб мекунанд, вале осеби бештаре аз паёмадҳои он мебинанд. Бештари гозҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои пешрафта ва санъатӣ ба ҳаво партоб мешавад, чизе ки донишмандон омили аслии гармоиши ҳаво арзёбӣ мекунанд.

Ҳадафи кунфронси байналмилалӣ дар Женев бо ширкати раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф аз 150 кишвари ҷаҳон, ки қудрати тасмимгирӣ доранд, густариши барномаҳои марбут ба тағйири обу ҳаво дар курраи Замин будааст. Дар ин кунфронс раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш мизони ночизе аз гозҳои гулхонаиро ба ҳаво партоб мекунад, вале аз гармоиши ҳаво осеби бештаре мебинад.

Вай гуфт: “Бояд гуфт, ки фоизи асосии партовҳо ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ рост меояд, вале зарари онҳо ба тамоми аҳли сайёра паҳн мегардад. Дар чунин шароит ба миён омадани масъалаи ҷуброни ин хисоротро низ набояд аз мадди назар дур дошт.”

Оқои Раҳмон дар суханронияш таъкид кард, ки Тоҷикистон ба далели тағйироти ҷаввӣ дар курраи Замин, ки дар натиҷаи судури милёрдҳо тун гозҳои гулхонаӣ ба фазо ба вуҷуд омадааст, осебпазиртарин кишвар дар минтақаи Уруосиё дар баробари тағйири ҳавост. Ҳамасола дар ин кишвар мизони гармо ба таври мутавассит як дараҷа боло меравад, мизони рӯзҳои бориш ва ҳаводиси табиъӣ дар ин ҷо афзоиш меёбад, ки ба гуфтаи оқои Раҳмон, боъиси заъфи кишвар барои расидан ба рушди устувор гаштааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон исрор кард, ки аз сӯйи дигар, натоиҷи бархе таҳқиқот нишон додаанд, ки захоири яхчолҳо ё пиряхҳои Осиёи Миёна дар байни солҳои 1956 то 1990 се баробар коҳиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Вай гуфт: “Мувофиқи ҳисобҳои камтарин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаъи асосии дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоюли мавҷуда дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пирях нобуд шаванд.”

Эмомалӣ Раҳмон ин пиряхҳоро манбаъи ҳаёт дар Осиёи Миёна хонд ва исрор кард, ки ба нобудии онҳо набояд роҳ дод. Бо дарназардошти ин вазъ, вай гуфт акнун замоне фаро расидааст, ки бояд Сандуқи ҳифозат аз пиряхҳо таъсис дода шавад, то талошҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳоро дар ин росто таҳким бахшад. Тоҷикистон дар миёни беш аз 200 кишвари ҷаҳон аз лиҳози партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазо дар ҷойи 150-ум қарор дорад ва ба гуфтаи коршиносон, мизони ин гозҳо бар сари ҳар шаҳрванди кишвар аз мизони мутавассити ҷаҳон пойинтар будааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин вазъро ба истифодаи густарда аз барқи обӣ марбут медонад, аммо коршиносон мегӯянд мизони тавлидот дар ин кишвар хеле пойин буда ва гозҳое, ки ин кишвар ба ҳаво парт мекунад ночиз аст. Соҳибназарон мегӯянд матраҳ кардани мавзӯъи пардохти ҷуброн ба ин маънист, ки оқои Раҳмон мехоҳад кишварҳои пешрафтаи санъатӣ ба кишварҳое, ки гозҳои гулхонаии камтаре ба фазо партоб мекунанд, кумакҳои молӣ ва фаннӣ ироа кунанд.

Тоҷикистон масалан барои ташкили системи дидбонии яхчолҳои табиъӣ ва мутолеъаи роҳҳои ҷилавгирӣ аз обшавии басуръати онҳо ба кумакҳои ҷаҳонӣ шадидан ниёз доштааст. Президент Раҳмон дар ҳоле пешниҳоди матраҳ кардани мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти ҷаввиро кардааст, ки ин кишвар дар соли 2008 ба Кунвонсиюни Киоту пайвастааст.

Кишварҳое ки ба ин паймон имзо кардаанд, метавонанд танҳо мизони мушаххаси гозҳои гулхонаӣ ба фазоро парт кунанд, вале онҳо метавонанд бо харидани саҳми кишварҳои дигар, ки камтар гози гулхонаӣ тавлид мекунад, мизони бештари гози гулхонаиро ба фазо партоб кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон алоқаманд аст саҳми худ аз партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазоро ба кишварҳои дигар бифурӯшад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi