20:24:28 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУКУМАТИ ИМА БА ҶАБРДИДАГОНИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМ КӮМАК МЕРАСОНАД

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти минтақавии намояндагони 27 созмони ғайриҳукумативу ҷамъиятии Осиёи Марказиро, ки дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одам фаъолият мебаранд,  доир намуд. Чорабинии мазкур ба мавзӯи «Хариду фурӯши одам барои истисмори меҳнатӣ: мушкилоти муайян кардани мардони ҷабрдида аз хариду фурӯши одам ва хусусиятҳои офиятбахшиву шомилкунии онҳо ба ҷомеа» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

usa-tajikistabХариду фурӯши одам яке аз масъалаҳои ҷиддитаринест, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба вуҷуд овардаст. Мутобиқи иттилооти СБМ дар бораи миқёси хариду фурӯши одам дар минтақа, тақрибан  91% ҳолатҳои хариду фурӯши одамро истисмори меҳнатӣ ташкил мекунад. Тақрибан 69% қурбониёни хариду фурӯши одам мардҳо мебошанд, ки дар шароитҳои ғуломворона кор мекунанд.

Ҳадафи асосии нишасти мазкур бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) ва ҷамъиятӣ баррасӣ намудани хариду фурӯши одам барои истисмори меҳнатӣ буд, ки ҷиҳати пешгирии хариду фурӯши одамон дар минтақа фаъолият менамоянд.

Тавассути  муҳокимаҳо ва кор дар гурӯҳҳо бо мусоидати коршиносони байналмилалӣ иштирокчиён малакаи муайян кардани мардони аз хариду фурӯши одам ҷабрдида, тарзи омода сохтани стратегияи пешгирӣ ва расонидани кӯмак ба мардони аз хариду фурӯши одам ҷабрдида бо мақсади ба ҷомеа аз нав шомилкунии онҳо пайдо намуданд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи минтақавии пешгирии хариду фурӯши одам бо пуштибонии молиявии Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ гаштааст. Дар ҳамкории зич бо СҒҲ маҳаллӣ ин лоиҳа кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одам ва пешгирии минбаъдаи чунин ҳолатҳо дастгирӣ менамояд.

Барои таъмин намудани иттилоот оид ба хатарҳои хариду фурӯши одам ва кӯмаки ба ҷабрдидагон расонидашаванда лоиҳа кори телефонҳои бовариро дар сартосари кишвар дастгирӣ менамояд. Ба телефони боварии дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда ба рақами 918-85-34-34 метавон тамос гирифт.

Лоиҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одам дар Осиёи Марказӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмак, ки бо шарофати дастгирии мардуми Амрико тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ карда шудаанд, амалӣ мешавад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе барои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маорифу иқтисодиёт зиёда аз 984 миллион доллари ИМА кӯмак расонидааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi